12 Июн 2015
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум бо мақсади густариши фарҳанги сиёсӣ, худогоҳии миллӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ гузаронидани силсилачорабиниҳои идонаро ба нақша гирифтааст.
Баргузории машварату семинар, мизҳои мудаввар дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои низомӣ таҳти унвони «Ваҳдат-падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ», озмуну шомҳои саволу ҷавоб дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон-поягузори василаи иттиҳоду ҳамбастагӣ», маводи беҳтарин таҳти унвони «Ваҳдат кафили сарҷамъиву хушбахтӣ ва муттаҳидии имрӯзу ояндаи халқ» роҳандозӣ мешавад.
Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки сарварии онро Раиси шаҳри Қайроққум Сатториён Матлубахон Амонзода ба дӯш дорад, дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳо саҳми арзандаи поягузори меъмори сулҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр менамоянд. Имрӯз ваҳдати миллӣ аз як ормон ба як воқеияти имконнопазир табдил шудааст. Дар ҳифз ва такмили зарурии он набояд ба сукут роҳ дода шавад.
Доираи адабии эҷодкорони «Илҳом», ки фарогири 35 нафар сухангустарон аст дар ҳамкорӣ бо бахши фарҳанг ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ мулоқоту шомҳои адабиро дар ташкилоту корхона, Ҷамоати шаҳракҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда, дар равиши чорабиниҳо бо шукргузорӣ аз рӯзгори ободу зиндагии шоиста ва самои сулҳу ваҳдат тараннуми ватандорӣ дар мадди аввал қарор дорад.
Дар толору майдончаҳо ва варзишгоҳҳои шаҳр чорабиниҳои варзишӣ оид ба бокс, тенниси рӯи миз, волейбол, футбол ва амсоли инҳо доир гардида, қабл аз оғози мусобиқаҳо шахсони масъул роҷеъ ба омилҳои асосии расидан ба сулҳ, ки аз замири халқи озодидӯсти тоҷик бархестааст ҳарф мезананд.
Ҳадаф аз тарҳрезии чорабиниҳо ҳимояти аслии Ваҳдат-тантанаи шодибахшу наҷотовари рухдоди сабақомӯзи миллатро ба хурду калон фаҳмонидан аст ва якдигарро ба фарорасии рӯзи якдиливу дӯстӣ муборакбод гуфтан мебошад.