12 Июн 2015
Татбиқи саривақтии он дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзунбахшии истеҳсолот ва ҳаҷми содиротии маҳсулот буд, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар панҷ моҳи соли равон натиҷаи шоёнро ба даст оварданд.
Тавре аз бахши саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ расид кулли корхонаҳои саноатии Қайроққум дар панҷ моҳ ба миқдори умум 438 миллиону 15 ҳазору 620 сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин ба 108,1 дар сади дурнамо баробар мебошад ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 33 миллион сомонӣ зиёд аст.
Мақоми аввалро чун ҳамешагӣ корхонаи ҶДММ «Ширкати куҳи - саноатии Тоҷикистону Хитой» ишғол мекунад. Ҳамчунин дар ташаккули маҷмӯи умумии маҳсулоти саноатӣ ҶМ ТКММ «Апрелевка», ҶДММ «Хубон», ҶДММ «Фаровон» нақши назаррас гузоштанд.