Матни равон

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум  (даъвати панҷум)Имрӯз, 25 июн дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) доир гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода  кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид.

Баъди садо додани Суруди миллӣ вакилон котиботи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз панҷ банд тасдиқ намуданд.

Аз рӯи масъалаи аввал: Ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, таҳти №694 «Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2010-2015» муовини Раиси шаҳри Қайроққум Ғайратҷон Оқилов гузориши муфассал дод.

 

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум  (даъвати панҷум)Сардори Раёсати тандурустии вилоят Салом Ваҳобов сатҳи татбиқи бевоситаи Барномаи мазкур, бурду бохти онро тавзеҳ дода ислохи камбудиҳоро дар ин самт ногузир донист. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба масъулини соҳа оид ба рафъи нишондодҳои манфӣ дастурҳои мушаххас дод.

Оид ба рӯзномаи дуюми иҷлосия «Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи генералии шаҳр» мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ Муҳаммад Тошматов баромад намуд.

Тағйири номи шаҳри Қайроққум, ки аз ҷумлаи рӯзномаи сеюми кори иҷлосияи навбатӣ маҳсуб меёфт раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр доир ба масъалаҳои маориф, илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг Каромат Қосимова сухан кард. Мавсуф таъкид бар он дошт, ки ба комиссияи номгузории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум доир ба ивази номи шаҳр пешниҳоду дархостхои шифоҳӣ ворид шуда, хулосаи он ба мақомотҳои болоии дахлдор пешбарӣ гардидааст. Бо такя ба хулосаҳо ва дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳидоят карда шудааст, ки шаҳри Қайроққум – Ориёканд номгузорӣ шавад. Пешниҳоди мазкурро вакилон чун рамзи бозгашт ба асли хеш якдилона пазируфтанд.

Инчунин масоили «Дар бораи ташкили гурӯҳи ҳизбии ҲХДТ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум» мавриди ҳаллу фасл қарор гирифта аз ҷониби вакилон қарори дахлдор қабул карда шуд.

Вакилони иҷлосия ҳамчунин якчанд қарорҳои ба тасвиб расидаи Раиси шаҳрро марбут ба таъиноти кадрӣ ва ҷудо намудани маблағ тасдиқ намуданд.

Дар кори иҷлосия Салом Ваҳҳобов бо намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок кард.

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) баъди садо додани Суруди миллӣ ба охир расид.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1773
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1367
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17119
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:9913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41122
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57438
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8199877

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?