10 Август 2015
Имрӯз дар корхонаи давлатии фаръии «Хизмати маишӣ - коммуналӣ» -шаҳри Қайроққум маҷлиси ҳизбиён баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Қосимова Каромат иштирок ва баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ дар бораи Барномаи ҲХДТ ва дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҳизб сухан намуда, мақсаду мароми ҳизбро ба ҳозирин фаҳмонид.
Пас ба 15 нафар пешқадамони истеҳсолоти соҳа билети ҲХДТ дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.