28 Декабр 2015
28-уми декабри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) доир гардид.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид.
Баъди садо додани Суруди миллӣ вакилон котиботи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз панҷ банд тасдиқ карданд.
-Мардуми шарафманди шаҳри Қайроққум қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва ба он лоиқ дониста шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун қатори дигар сокинони кишвар бо боварию садоқат ва муҳаббату эҳтиром пазироӣ намуданд, - дар оғози иҷлосия таъкид дошт, Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода.
Бо дарназардошти он ки ҳисоботи Раиси шаҳр барои ёздаҳ моҳи соли 2015 дар нашрияи маҳаллии «Соҳил» ба табъ расида буд, Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳр доир ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия мухтасар ҳарф зад. Аз ҷумла зикр гардид, ки корхонаҳои саноатии шаҳри Қайроққум дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон фаъолияти бонизоми истеҳсолӣ бурда, дар ин давра ба маблағи 1 млрд. 17 млн. 605,4 ҳаз. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ҳиссагузорӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2015 чунин аст: ШСКТХ – 74,4 фоиз, ҶМ ТКММ «Апрелевка» - 12,2 фоиз. Ин ду корхонаи номбурда ҷамъ: 86,6 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳрро таъмин намуданд. 72,3 фоизи маблағи буҷет ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ равона карда шуд. 25 иншоотҳои иҷтимоӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Баъдан вакилон якбора ба муҳокимаи масъала гузаштанд. Вакилон аз ҳавзаи интихоботии рақамҳои 31, 8, 6 Сулаймон Насимов, Савриҷон Бойматова ва Шуҳратҷон Ҳоҷибоев ба маърӯза баромада андешаҳои хешро доир ба масъалаи якум иброз доштанд.
Аз рӯи масъалаи дуюм «Дар бораи тасдиқ намудани буҷети шаҳри Қайроққум барои соли 2016» сардори Раёсати молия Аъзамҷон Муротов баромад намуд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №22 Убайдулло Анваров оид ба ин масъала маърӯза кард.
Доир ба рӯзномаи сеюми иҷлосия «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет» раиси комиссия, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №10 Абдумалик Содиқов гузориш дод.
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №5 Абдумуталиб Абдуллоев шунида шуд ва вакилон қарор қабул карда, ҳисоботи вакилро ба эътибор гирифтанд.
Ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр якчанд қарорҳои Раиси шаҳрро доир ба ҷудо намудани маблағ ва тағйироти кадрӣ тасдиқ ва дар ин бора қарори дахлдор қабул намуданд.
Дар кори иҷлосия Озифхон Шарифзода бо намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок ва сухан кард.
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) баъди садо додани Суруди миллӣ ба охир расид.