25 Феврал 2022
Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 24.02.2022, дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон хониши сиёсӣ бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар мавзуӣ "Ҷавонон Паём ва манфиатҳои миллӣ", “Мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеа” (ифротгароӣ, бегонапарастӣ, нашъамандӣ ва зиддӣ коррупсия) баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, Матлуба Сатторова сармутахассиси комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минатқавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Истифодаи қудратҳои минатқавӣ ва ҷаҳонӣ аз ин гурӯҳҳо барои расидан ба мақсадҳои худ, миқёси хатари онҳоро даҳчанд менамояд. Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин хатар бошад. Хушбахтона, дар солҳои охир мақомоти сиёсию қадратии кишвар, ташкилотҳои динию ҷамъиятӣ ва ғайра бо дарки ин хатари маргбор барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддӣ ба роҳ мондаанд. Омӯзиши раванди коргузорӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки агар равиши таблиғу ташвиқот дар ин масъала такмил ёфта, моҳияту хатари ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба мардум ба таври боз ҳам мушаххастару соддатар фаҳмонида шаванд, ин кӯшишҳои давлат ва ҷомеа натиҷаи дучандон хоҳанд дошт. Яъне, сода намудани баён ва ба таври возеҳ бозкушоӣ кардани моҳияту хатари ин гурӯҳҳо барои мардум яке аз вазифаҳои бисёр муҳим дар мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм мебошад.
Ҳамчунин, доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷинояткорӣ, даст назадан ба амалҳои хусусияти ҷиноятӣ дошта ва дигар падидаҳои номатлуб ба хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Сипас, бо ҷавонон суҳбати озод сурат гирифт.