Матни равон

25 феврали соли 2022 бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони якқатор ташкилоту муассиса ва мақомотҳои шаҳрӣ барои шиносои бо вазъӣ соҳаҳои иҷтимоию иҷтисодӣ ба шаҳраки Адрасмон сафари кори анҷом доданд. Шаҳрак дар масофаи 70км дуртар аз маркази шаҳри Гулистон ҷойгир шуда, дорои аҳамият ва манфиатҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.  Шаҳрак аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ дар қисмати шарқии қаторкӯҳҳои Қурама ҷойгир шуда, бо ноҳияҳои Ашт ва Б.Ғафуров ҳамсарҳад мебошад. Яке аз конҳои калонтарини дорои захираи бузурги сурбу нуқра, машҳур бо номи Кони Мансур маҳз дар ҳамин ҷо ҷойгир шудааст.

Масоҳати умумии шаҳрак 5980 га буда, аҳолиаш 15989 нафарро ташкил медиҳад. Дар шаҳрак 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи томактабӣ, Беморхона, Маркази саломатӣ, 2 бунггоҳи тиббӣ, муассисаи бисёрсоҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва корхонаҳои коркарди маданҳои кӯҳии ҶСК “ГОК Адрасмон” ва Идораи шахтасозӣ фаъолият доранд.

Сафари кории иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз Беморхонаи шаҳрак оғоз гардида, барои фаъолияти босамари муассисаи мазкур ба масъулон ва роҳбарияти беморхона  дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ба таъмиру нигоҳдории бино баҳои баланд дода шуда, таъкид карда шуд, ки ҷиҳати таъмири шуъбаҳои алоҳида махсусан шуъбаи бачагона аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Дастур дода шуд, ки ба ҷобаҷогузории кадрҳо ва баратарафсозии норасогии кадри аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, дар ин самт нақшаи муайян таҳия ва ҳамкориҳо бо донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шавад. Ишора карда шуд, ки имкони таъмини ҳамшираҳои тиббӣ дар шаҳр вуҷуд дорад ва дар асоси пешниҳодҳои шумо имконияти таъмин ва омода намудани кадрҳо дар коллеҷи ғайридавлатии шаҳри Гулистон вуҷуд дорад. Ҳамчунин дар самти захираи доруворӣ ва мумфаршкунии атрофи Беморхона дастур дода шуд.

Раиси шаҳр пас аз шиносои бо ҳолати Қасри фарҳанги шаҳрак ба санъати меморӣ ва тъмиру нигоҳдории он баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки имкони баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ дар ин қасри зебо вуҷуд дорад. Ба директори муассиса Тиркашев Шералӣ Турғунбоевич дастур дода шуд, ки дар ҳамкории зич бо бахши фарҳанги шаҳр барои доир насмудани чорабиниҳои гуногунӣ фарҳангӣ чораҷуй намояд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ташриф оварда, бо ҳайати омӯзгорон мулоқот ороста шуда, бо хонандагон вохӯрӣ баргузор карда шуд. Ба ҳолати бино ва синфхонаҳо, таъмиру таҷҳизонидани он баҳои баланд дода шуд.

Ба роҳбарияти муассиса, ҳайати омӯзгорон ва хонандагон дастур дода шуд, ки барои ҳарчӣ бештар дохил шудани хатмкунандагон ба донишгоҳҳо тавассути Маркази миллии тести аҳамият дода шавад. Ҳамчунин таъмини муассиса бо кадрҳои соҳибтахассус ва аз иштироки сусти хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурявӣ ва байналмиллалӣ изҳорӣ нигаронӣ карда шуд.

Ҳангоми шиносои бо вазъӣ феълии ҶСК “ГОК Адрасмон” таъкид карда шуд, ки корхонаи мазкур ба қатори корхонаҳои калонтарини коркарди маъданҳои кӯҳӣ шомил буд. Ин корхона бо таъсири омилҳои гуногун аз фаъолияти истеҳсолӣ боз монд ва мушкилиҳои зиёдро ба бор овард. Таъкид гардид, ки роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба кор даровардани корхона тадбирҳои зиёд андешида истодаанд. Дар навбати худ роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки барои ҳифзу нигоҳдории амволи корхона масулияти баланд эҳсос намоянд.

Пас аз шиносои бо вазъӣ ташкилоту корхона ва муассисаҳои шаҳрак иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар ифтитоҳи толори варзишӣ, ки бо кӯмакҳои “Фонди хайриявии Музафар” барқарор карда шудааст иштирок ва баромад намуд. Изҳори миннатдори ба роҳбарияти фонди мазкур карда шуда, таъкид намуд, ки ин тадбир имконияти хубест дар роҳи тарбияи тарзи ҳаёти солим. Варзиш қосиди сулҳ маънидод карда шуда, изҳори умед карда шуд, ки аз байни ҷавононе, ки дар ин толор ба варзиш машғул шудаанд, якчанд парчамбардори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба воя расонида мешавад.

Худи ҳамин рӯз бо фаъолони шарак мулоқот доир шуда, қабули шаҳрвандон гузаронида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1581
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2001
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12755
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41314
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7773704

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?