Матни равон

Вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон дар шаҳри Гулистон

Имрӯз, 6 майи соли 2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр вохӯрии Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ 260 нафар сокинони касбу кори гуногуни шаҳр ширкат доштанд.

Тибқи маълумоти Комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, ҳудуди ҳавза Маркази шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои Сирдарё, Зарнисор ва Навгарзанро дар бар гирифта, дар он мувофиқи ҳисоби пешакӣ 12257 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳудуди ҳавза 9 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст ва ҷараёни ташкили интихобот дар участкаҳои интихоботӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Вохӯриро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ҷамолиён М.Ғ. оғоз намуда, номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 ба иштирокчиён муаррифӣ намуд. Сипас, Аҳлиддин Абдураҳмонов шахси боэътимоди Раъно Ҳошимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 интихобкунандагон номзадро муаррифӣ намуд.

Номбурда пас аз муаррифӣ ҷанбаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15-ро баён намуд. Иброз дошт, ки дар вазифаҳои гуногуну пурмасъулият фаъолият намудани Раъно Ҳошимзода ва ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардиданаш дарак аз он медиҳад, ки ҳамагуна душворию мушкилиро паси сар намуда, баҳри иҷрои масъулияти бар дӯш доштааш ҷидду ҷаҳд менамояд.

Баъдан, Улуғбек Хоҷаев шахси боэътимоди Иноятов Ибодулло Неъматович номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 пас аз муаррифӣ ҷанбаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15-ро манзури ҳозирин намуд. зикр гардид, ки Иноятов Ибодулло Неъматович дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи меҳнатиаш барои пешрати соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр саҳми назаррас гузоштааст.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода-номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 дар назди интихобкунандагон суханронӣ намуд. изҳор гардид, ки барномаи пешазинтихоботӣ дар асоси Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳияи шуда, мақсад танҳо фароҳам овардани зиндагии сазовору арзанда барои ҳар як сокинро дар бар мегирад.

Таъкид карда шуд, ки танҳо тавассути таъсиси корхонаю коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷоиҳои нави корӣ имкони паст намудани шиддати бозори меҳнат вуҷуд дорад. Шаҳри Гулистон, шаҳри бузурги саноатӣ маҳсуб ёфта, алҳол дар шаҳр 34 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки дар дар давоми се моњи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 1 миллиарду 164 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми се моҳ ба маблағи 1 миллиарду 164 миллион сомонӣ мадсулот истеҳсол намуданд

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рўи 87 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 21,5 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли ҷорӣ сохтмони 6 корхонаи саноатӣ: Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Паррандаи Заррин”, “Ганҷи сомон”, “Мурғи бебаҳо”, “Тиглан” ва сехи истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонии соҳибкори инфиродии Иброҳимов Ф. ва дар коргоҳи соҳибкори инфиродии Мадаминов А. ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.

Ҳамчунин, доир ба нақшаҳои дурнамо дар самти рушди соҳаҳои саноат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо ибрози андеша намуд.

Сипас, Зубайда Раҳмонова омӯзгори МТМУ №1 (иштирокчии даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”), Зулайхо Мамадҷонова омӯзгори МТМУ №14 ва Соҳиба Каримова санъаткори бахши фарҳанги шаҳр ба музокира баромаданд.

Дар ниҳоят таъкид гардид, ки танҳо дар якҷоягӣ ва бо меҳнати ҳалолу сарҷамъона метавонем ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардем.

Интихобкунандагон бо ваъдаи иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсӣ якчанд таклифу мулоҳизаҳои худро пешниҳод намуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5188
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3191
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9566
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:65644
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7707564

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?