Матни равон

Имрӯз, 13.05.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр дар доираи моҳвораи ҷавонон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ” конференсияи илмӣ-адабӣ бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ ва дигар кохонаву муассисаҳо баргузор гардид.

Конфренсия бо садо додани Суруди миллӣ оӯоз гардид, Дар кори  конференсия Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Сафарзода Мулоохун мутахассиси раёсати таълими Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон, ҳамзамон докторанти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Ризвоншоҳ Ғуфронов устоди Колеҷи омӯзгории “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”,   ҳамзамон докторанти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Бахтовар Ҷумаев мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Фатҳиддин Фатҳиев донишҷӯи бахши 3-юми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки боиси хушнудии мо ҷавонон аст, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии сиёсати давлатии љавонон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, баҳри бо сифати баланди касбӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои пайваста ва судманду таъсирбахш, ки маҷмуи онҳо аз дастуру супоришҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеаи муосир мустаҳкам мегардад.

Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон, ки ояндаи кишвар дар дасти онҳост таваҷҷуҳи хоса дошта, чунин зикр намудаанд: “Мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозем, ки ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд”.

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд.

Ҳамчунин, солҳои охир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳурияви “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наву лаёқатманд ва   дастгирии моддии ҷавонон мусоидат менамояд.

Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи Президентӣ соли равон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд ва тибқи тақсимот, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 ададро ташкил медод.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҳамасола барои ҷавонон фаъол Стипендияи Раиси шаҳр муқаррар гардидааст. Лозим ба зикр аст, ки Стипендияи Раиси шаҳр дар соли 2021 барои 30 нафар муқаррар гардида буд ва соли ҷорӣ ҷиҳати дастгирӣ ба ин қишри созандаи ҷомеаи теъдоди он ба 35 адад ва маблағи пулии он аз 900 сомонии соли 2021 ба 1100 сомонӣ расонида шуд, ки барои хонандагони аълохон ва фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр тариқи озмун дода мешавад.

Ҳамчунин доир ба манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи он таъкид гардид, ки манфиатҳои миллӣ бар пояи мероси фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии халқи тоҷик асос ёфта, манфиатҳои ҳаётан муҳими шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиро ташкил медиҳанд ва ба ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Дар ҷаҳони мутамаддини имрӯза ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ба мадди аввал баромада аст.

Агар ба ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ назар афканем бо ифтихор ва итминони комил метавон қайд намуд, ки дар 30 соли соҳибихтиёрӣ чунин амалҳо ба манфиати давлат, миллат ва халқ анҷом дода шудааст: хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ ва барпо намудани сулҳ, то ба имрӯз нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, фарҳанг ва тамаддуни хеш, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи моликияти шахсӣ ва давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳои стратегии давлат ва ба ин монанд.

Бинобар ин, дар шароити вусъати ҷаҳонишавӣ ҳимояи музаффариятҳои истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳадафи стратегии давлат ва ҷомеаи тозабунёди Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ҷомеа бояд зарфияти фаҳму дарки манфиатҳои миллиро ҳосил намуда, ҳар як фарди он ба танҳои ё дар фазои колективӣ аз ин манфиатҳо ҳимоя карда тавонад, ки ин аз сатҳи ташаккули мафкӯраи онҳо вобастагӣ дорад. Танҳо илм ва иқтисоди устувор метавонад миллатро дар баробари хатароти рӯзафзун таъсирнопазир гардонад.

Сипас, дар қисмати фарҳангии конференсия санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро манзури иштирокдорон намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3016
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3548
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6564
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:32734
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:66040
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106320
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5254720

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?