Матни равон

Субҳи имрӯз, 15.05.2022 дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирокчиёни чорабинӣ ва сокинони шаҳрро бо Рӯзи ҷавонон ва баргузории Дави миллӣ муборакбод гуфта, баён дошт, ки имрӯз Дави миллӣ бо ҳидояти бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи Тоҷикистон бо шукӯҳ ва шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди оммавияти варзиш ва ҷалби ҷомеа ба таҳкими дўстӣ ва ваҳдати саросарӣ, имрўз сокинони шаҳру шаҳракҳои Гулистон низ бо рўҳбаландӣ дар ин чорабинии умумиҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш як силсила тадбирҳо андешидааст.

Дар ҳақиқат, Дави  миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарѓиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри инкишофи варзишу тарбияи  ҷисмонӣ ва таъмини ширкати  ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои  минтақавию ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар урфият мегўянд, рўҳи солим дар  ҷисми солим аст. Агар мо дар асоси  ин  ҳикмат амал намоем ва варзишро ҳамчун  омили беҳтарини тандурустӣ ва солимии аъзои ҷомеа шуморем, албатта ба ҳамдигарфаҳмӣ, дўстиву рафоқат, суботу устуворӣ ва  сарсабзиву  шукуфоии кишвари азизамон расида  метавонем”.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси  шаҳр Раъно Ҳошимзода ҳамагонро бо баргузории муташаккилонаи чорабинии Дави миллӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош намуда, барояшон тансиҳатӣ, зиндагии пурнишот ва комёбиҳои тоза ба тоза таманно намуд.

Сипас, чорабинии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ оғоз гардида, иштирокчиён аз рӯйи чор зинаи синнусолӣ байни мардон ва бонувон мубориза бурданд.

Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3815
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2593
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6408
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40007
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7681927

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?