Матни равон

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар мамлакат нахустин буда, дар коргоҳ ҳунармандони тоҷик дар якҷоягӣ бо ҳунармандони кишвари дӯсту бародар — Ҷумҳурии Узбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳои хуштарҳ машғуланд.

Дар коргоҳи қолинбофӣ 14 нафар занону духтарон бо омезиш додани тору пуд дар қолинҳо нақш меофаранд. Барои омода намудани як қолини дастибоф мувофиқ ба ҳаҷмаш то 6 моҳ ва зиёда аз он вақт сарф мешавад. Ба коргоҳ 14 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва дигар намуди ҳунарҳои дастӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон ворид карда шудаанд. Ҳунари дастӣ, ки заҳмати бештар талаб мекунад, ҳамеша харидорони зиёд дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи бештар равона шуд. Бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат садҳо марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ ташкил гардида, дар самти соҳибкасб шудани занону духтарони бешуғл замина фароҳам оварда шуд.

Бино ба маълумоти оморӣ дар вилояти Суғд 283 маркази ҳунармандӣ амал мекунад. Маҳсули ҳунари дастии ҳунармандонро асосан сайёҳон, ки ба Тоҷикистон ташрифашон сол аз сол зиёд мегардад, ҳамчун армуғон харидорӣ мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳунармандони коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ҳунармандони вилояти Марғелони Ҷумҳурии Узбекистон ба маҳсули ҳунари дасти ин бонувон баҳои баланд дода, барои рушди ҳунари қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ масъулинро вазифадор намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:732
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9446
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2761
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7735151

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?