Матни равон

Силсилағалабаҳои "Гулистон" идома доранд

Имрӯз, 8 сентябри соли 2022 дар доираи даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои  Лигаи якум дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъро ба ҳузур пазируфт.

Меҳмонон қисми аввали дидорро бомуваффақият шурӯъ намуда, аввалин шуда ҳисоби дидорро боз намуданд.

Бозигарони дастаи "Гулистон" барои ба самар расонидани тӯби ҷавобӣ кӯшиши аҳлона намуда, дар натиҷа ба ҳуҷумкори даста Муҳсин Рустамзода имконият даст дод, ки хати дарвозаи меҳмононро боз намояд. Ҳамин тавр қисми аввали дидор мусовӣ 1-1 ба анҷом расид.

Қисми дуюми дидорро мизбонон бо муваффақият оғоз намуданд ва ҳуҷумкори муваффақи даста Муҳсин Рустамзода аз вазъиятҳои хуби голзанӣ истифода бурда ҳисоби бозиро бар суди дастааш афзуд.

Бозигарони дастаи "Ҳулбук" аз пайи баробар намудани ҳисоби дидор кӯшида ба баробар намудани ҳисоб даст ёфтанд. Дигар то охири дидор кӯшишҳои меҳмонон самар надод.

Бозигарони "Гулистон" бо рӯҳияи шикастнопазир зуд-зуд вазъиятҳои хавфнокро дар назди дарвозаи рақиб ба вуҷуд меоварданд. Дар ниҳоят то фарҷоми дидор Муҳсин Рустамзода 2 маротибаи дигар дарвозабони дастаи меҳмонро маҷбур намуд, ки тӯбро аз дохили тӯри дарвозааш берун орад.

Ҳамин тавр дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон бо голҳои чаҳоргонаи беҳтарин ҳуҷумкори Чемпионат бар дастаи "Ҳулбук" бо ҳисоби бузурги 4-2 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Шоистаи зикр аст, ки Муҳсин Рустамзода бо 23 туб дар садри нишонзанҳои Чемпионат қарор дорад.

Клуби футболи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон  пирӯзии панҷумини худро дар мавсим ба даст овард.

Лозим ба зикр аст, ки дастаи "Гулистон"-и шаҳри  Гулистон дар даври ҳабдаҳуми Чемпионат санаи 17-уми сентябри соли 2022   дар сафар бо дастаи  "Моҳир"-и ноҳияи Ёвон нерусанҷӣ мекунад.

ПИРӮЗӢ ДАР ОСТОНАИ ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БА КУЛЛИ ҲАВОДОРОНИ ДАСТА МУБОРАК БОД!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1772
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2929
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21045
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25299
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:24646
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9321962

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?