Матни равон

Имрӯз, 09.09.2022  дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибатии 31-солагии Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинии идона Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директории маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок доштанд.

Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Савзаалӣ Назирзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳри Гулистонро ба муносибати 31-солагии Истиқлоли давлатии кишвар муборакбод намуд ва аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст омадаи кишвар ва аз ҷумла шаҳри Гулистон ҳарф зад.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директории маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода паёми табрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ин муносибат манзури иштирокдорон гардонид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода низ сокинони шаҳрро ба муносибати таҷлилии ин ҷашни пуршукӯҳ табрику таҳният гуфт.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлоли кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати ин санаи фархунда зикр намуданд, ки: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд”.

Дар воқеъ Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон иҷрои дастуру суаоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо заҳмати аҳлона дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини фарҳангиро манзури иштирокдорони ҷамъомади идона намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1333
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10047
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3362
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7735752

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?