Матни равон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини маро дар робита ба ҷашни 70-солагиатон қабул фармоед!

Ба Шумо ҳамчун сарвари қавӣ, хирадманд ва матинирода қатъият дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Шумо хос аст. Дар ин робита мехоҳам саҳми беандозаи Шуморо дар кори рушд ва шукуфоии Россия, инчунин таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ зикр намоям.

Хизматҳои муҳими Шумо дар таъмиқи пайгиронаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия қобили баҳои баланданд. Мо ба сатҳи бадастомадаи муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Россияи ба мо наздик арҷ мегузорем ва дар оянда барои густариши самтҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар бар нафъи мардумонамон тамоми кӯшиши заруриро ба харҷ медиҳем.

Дар ин рӯзи фархунда иҷозат диҳед ба Шумо, Владимир Владимировичи азиз, саломатии бардавом, саодатмандӣ, умри дароз ва дастовардҳои нав баҳри рифоҳи Россияи дӯст, ба мардуми он  — сулҳу амонӣ ва пешрафти устувор таманно намоям».

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1368
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2929
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20641
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25299
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:24242
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:101163
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9321558

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?