Матни равон

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафар корӣ дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47-ро ифтитоҳ карданд.

Мактаби нав барои 528 нафар дар ду баст пешбинӣ гардида, масоҳати замини иншоот 2,50 гектар заминро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи апрели соли 2021 оғоз гардида, бино аз ду ошёна ва 10 синфхона, як кабинети фаннӣ иборат мебошад. Дар синфхонаи компютерӣ 25 адад компютер ва як тахтаи электронӣ насб гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки санги асоси сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, воқеъ дар деҳоти Зарбдори деҳаи Гулистон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” мебошад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар бо кори муваққатӣ таъмин шуданд.

Мактаб дорои дегхона барои дар фасли сармо бо гармӣ таъмин кардани синфхонаҳо, ҳавзи нигоҳдории об бар зидди сӯхтор дар ҳаҷми 50 метри мукааб, анбор барои нигоҳдории сӯзишворӣ, зеристгоҳи барқӣ, ҳамзамон майдонча барои бозии футбол, баскетбол ва волейбол аст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат аз шароити муассисаи мазкур ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ ҳидоят намуданд.

Акнун баъди ба истифода додани бинои Муассисаи таълимии рақами 47 дар деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб мушкилоти ҷойи нишаст бартараф гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқ ва муқаддастои миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон, ҳидоят карданд.

Устодон ба ғамхориҳои беназири Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Пас аз ифтитоҳи бинои нави мактаб ва суҳбат бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии муассисаи таълимӣ баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди иншооти нави таълимӣ дар қитъаи замини муассисаи мазкур барои корҳои сохтмонӣ дар бинои нави мактаб барои 1240 ҷой дар ду баст, ошхона, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва дигар иншоотҳои ёрирасон оғоз бахшиданд.

Бинои нави таълимӣ аз 26 синфхона, синфхонаҳои фанҳои дақиқ, толори варзиш бо 100 ҷойи нишасту таҷҳизоти зарурӣ, ошхона бо 60 ҷой, китобхона бо қироатхона бо 20 ҷой, лабаратория бо тамоми таҷҳизот ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат хоҳад буд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ, ваҳдати комили сартосарӣ ва талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф рушд карда, ба яке аз самтҳои афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2324
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4018
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13392
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:36297
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41443
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145625
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6317427

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?