Матни равон

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар кори иҷлосия ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.

Сарони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ гузориши Дабири кулли созмонро дар бораи натиҷаи кори Ҳайати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Ҷумҳурии Арманистон аз 15 то 24 сентябри соли 2022 шуниданд.

Дар рафти иҷлосия аҳамияти таҳкими тадбирҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ба эътидол овардани вазъ ва беҳбуди вазъият дар минтақаи амнияти дастҷамъӣ дар Қафқоз, аз ҷумла дар асоси изҳороти сеҷонибаи сарони давлатҳои Русия, Арманистон ва Озарбойҷон таъкид шуд.

Дар суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азми Тоҷикистонро барои идомаи риояи уҳдадориҳои шарикии худ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бори дигар таъкид карда, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ барои рушди минбаъдаи низоми вокуниш ба бӯҳрон зикр намуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои иҷлосия сарони давлатҳо ба Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дастур доданд, ки кор дар самти татбиқи тадбирҳои мусоидат ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар ба эътидол овардани вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷонро идома диҳад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2210
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4018
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13278
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:36297
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41329
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145625
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6317313

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?