Матни равон

Имрӯз, 08.11.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯроии олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Анҷумани саодати миллат” баргузор гардид.

Дар Конференсия Муродҷон Тоҳиров иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодон аз Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набизода Ваҳҳоб Машраб доктори илмҳои таърих, профессор, Нуралӣ Нурзод доктори илмҳои филологӣ профессор ва Юлдошев Рустам Рӯзибоевич номзади илмҳои таърих, дотсент иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кори конференсияро Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ намуд.

 

Зикр гардид, ки дар воқеъ Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин санади тақдирсоз чунин таъкид намудаанд, ки: “Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид”.

Иштирокдорони конференсия Муродҷон Тоҳиров иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Набизода Ваҳҳоб Машраб доктори илмҳои таърих, профессор, Нуралӣ Нурзод доктори илмҳои филологӣ профессор ва Юлдошев Рустам Рӯзибоевич номзади илмҳои таърих, дотсент доир ба таърих ва раванди баргузорӣ, арзиш ва муҳиммияти ин рӯйдоди бузурги таърихӣ суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар замони буҳрони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иҷлосия як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезагон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи сохтори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумор буданд.

Ҳамаи қарору қонунҳое, ки дар Иҷлосия қабул шуданд, ҳамчун иқдомоти пайдарпайи роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ, ки дар Иҷлосия интихоб гардид, имкон доданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузошта, мардум ба бунёдкориву созандагӣ машғул шавад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки бузургтарин дастоварди мо пас аз Иҷлосияи таърихӣ бешубҳа барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш ба сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинодааст.

Вале мо ин корро анҷом додем ва ҳамаи ин ба хотири ба даст овардани сулҳи комил буд, ки мо ба он ноил гардидем.

Иштирокдорони конференсия бори дигар аз таърихи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати комил ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ огаҳ гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2219
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4018
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13287
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:36297
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41338
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145625
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6317322

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?