Матни равон

Имрӯз, 09.11.2022 дар тарабхонаи “Соҳил”-и маркази шаҳри Гулистон ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадорони соҳа доир гардид.

Чорабинии ботантана бо иҷрои мутантани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳрро бо иди касбиашон таҳният намуд.

Зикр гардид, ки роҳи пуршарафи милитсияи тоҷик дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии худ милитсияи тоҷик доимо дар сафи пеши мубориза баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, анъанаҳои неки ин ниҳоди муҳими давлатиро садоқатмандона идома медиҳад.

Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст.

Вобаста ба ин, вазъи риояи тартиботи ҷамъиятии кишвар дар маҷмӯъ ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ иртиботи мустақим дорад.

Ҳамчунин, сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Шодӣ Одиназода кормандони шуъбаро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт.

Дар вазъи идона ба пешоҳангон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳр сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин ба фаъолон ва кормандони хизматнишондода рутбаҳои нави ҳарбӣ, Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, собиқадорони соҳа низ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои иштирокчиёни ҷамъомад барномаи марғуби консертиро манзур намуданд.

Барои иштирокчиён дастархони идона ороста шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1257
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2604
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15567
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20167
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:33855
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:68306
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8778582

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?