Матни равон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, обанбори шабакаи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб барои таъмини беш аз 5000 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон мавриди истифода қарор доданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти оби нушокӣ марҳилаи навбатии татбиқи созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва “Лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағи 18 миллиону 964 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ шудааст.

Аз маблағи умумии лоиҳа 2 миллиону 885 ҳазор доллар ба барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстон равона гардидааст.

Иншооти оби нушокӣ таъмини оби босифатро ба аҳолии маҳаллаи “Наврӯз” дар 20 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, 500 қитъаҳои нави наздиҳавлигӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва кору хизматрасонии ин ҳудуди шаҳри Бӯстонро беҳтар менамояд.

Дар асоси лоиҳа иншоот аз 2 ҳавзи об бо ғунҷоиши ҳар яке 500 метри мукааб, хати оби нӯшокӣ ба масофаи 9 километр бо васлу насби қубурҳои полиэтилении қутрашон аз 20 то 200 миллиметра, 3 насоси обкашӣ, хати барқи озод ба масофаи 3 километр иборат мебошад.

Оби нӯшоки ба иншооти нави обрасонӣ аз обанбори асосии шаҳри Бӯстон тавассути хати оби нушокии қубурҳои қутрашон 600 миллиметра ба масофаи 2 километр интиқол дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону васлгарӣ ва муҷаҳҳазгардонии хату иншооти оби нӯшокиро дар асоси фармоиши Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию комуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон” коргарону муттахасисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситоиш” анҷом додаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баҳои баланд доданд.

Татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои “Шимоли Тоҷикистон” аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар бар мегирад. То имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳаҷми асосии корҳо иҷро ва ба беҳтар гардидани таъмини оби нӯшкии тоза мусоидат намудааст.

Татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ дар вилояти Суғд дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба норасоии об муҳиму саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1742
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13922
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:47521
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7689441

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?