Матни равон

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, нахуст корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анко-Инвест»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхона дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи соҳибкори ватанӣ Илҳом Рабиев бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат – 2022-2026 бунёд шудааст.

Масоҳати умумии корхона 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз хатҳои истеҳсолӣ, анбори нигоҳдории ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Бинои корхона аз 7 ошёна иборат буда, бо истифода аз конструктсияи металӣ аз ҷониби мутахассисони маҳалӣ бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд моҳи декабри соли 2021 оғоз гардидааст ва то мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Дар корхона барои чорвои калону майда, паранда, аз қабили мурғу бедона ва моҳӣ хӯроки омехта истеҳсол карда мешавад.

Иқтидори корхона дар як сол 175 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Хӯроки омехта вобаста ба ҳолат ва намуди чорвою парранда дар 12 баста бо тамғаи “Фаровон TЕZZ корм” истеҳсол мегардад.

Маҳсулоти корхона дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Технологияи хатҳои истеҳсолӣ аз Шветсария ворид карда шудааст, ки навтарин буда, ба таври автоматӣ фаъолият мекунад. Васлу насби дастгоҳу таҷҳизотро дар асоси созишнома ширкати шветсариягии “Бюллер” анҷом додааст ва пурра аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ идора карда мешавад.

Чунин технологияи иноватсионии каммасраф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ворид гардидааст.

Маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда ба стандарти байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ буда, дорои сертификати мутобиқат аст ва дар мамлакат ивазкунандаи воридот мебошад. Ашёи хом ба корхона қисман аз дохили мамлакат дастрас карда шуда, ҳамчунин аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия ва давлатҳои Аврупо ворид карда мешавад.

Барои нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 10 ҳазор тонна анбор таъсис дода шуд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад. Таҷҳизоти анбор истеҳсоли ширкати “Mуsilo”-и Туркия мебошад ва дар он имкони сифатнок нигоҳ доштани ашёи хом вуҷуд дорад. Маҳсулоти тайёр бошад дар бинои алоҳидаи панҷошёна нигоҳ дошта мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидани чунин корхонаи замонавиро қадами устувор дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои ширкати “Хубҷамъ-Инвест” дидан карда, бо нақшаҳои ояндаи масъулон шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ номгӯи гуногуни орд ва маҳсулоти аз он тайёршаванда, равғани пахта ва офтобпараст, ҳамаи намуди хӯроки омехтаи чорво ва паранда, тухми паранда, инчунин маҳсулоти металлӣ ва сендвич панелҳо, ки дар корхонаҳои ширкат истеҳсол карда мешаванд, пешниҳод карда шуд.

Ширкат иқтидор дорад, ки дар як сол бозори дохилиро бо 400 тонна орд таъмин намуда, ҳамчунин ба хориҷа содирот намояд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар оянда масъулон нақша доранд боз як корхонаи парандапарварӣ бунёд намуда, истеҳсоли гушти мурғро ба роҳ монанд ва ҳамчунин бо васеъ кардани доираи фаъолияти корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намоянд. Корхонаи парандапарварӣ бо истифода аз имтиёзи фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти соҳа ва бо мақсади таъмин намудани бозори дохилӣ бо гушти мурғ таъсис дода мешавад. Аз рӯйи лоиҳа дар корхонаи мазкур 1 миллион сар паранда парвариш меёбад.

Бояд зикр намуд, ки ҳамаи маҳсулоти истеҳсолгардида дар ширкат бо тамғаи миллии “Фаровон” ба бозор бароварда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, барои бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ, саҳм гузоштан дар баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани сокинони маҳаллӣ изҳори сипос намуданд.

Масъулони соҳа вазифадор гардиданд, ки дар амалӣ сохтани нақшаҳои корхона ба соҳибкорон кӯмаки ҳамаҷониба расонанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2095
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4018
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13163
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:36297
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41214
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145625
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6317198

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?