Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст.

28 сол муқаддам, рӯзи 16-уми ноябри соли 1994 маҳз дар ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намудаанд. Ҳамзамон, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ ва ҷовидон гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил, фозилу хирадманде ҳастанд, ки давлатро аз маҳвшавӣ наҷот дода, мардумро дар атрофашон муттаҳид намуда, дар қалби мардум шуълаи умедро бедор карда, бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намудаанд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».

Агар устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ адабиёти форсиро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷикро дар паҳнои анъанаи идоракунии қадимаи халқамон бунёд намуданд. Устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикро боз ба курсӣ нишонда, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ карда, роҳи пуршебу фарози таърихии халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид сохта бошад, Пешвои муаззами миллат - Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор карданд, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуданд, дар заминаи ин кӯшишҳо ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуданд, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам оварданд.

Пешвои муаззами миллат шахсеанд, ки таҳти роҳбарияшон назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ин шахсияти бузург расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият буда, қадршиносӣ аз Давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Бинобар ин, бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст.

Интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод. Маҳз ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд. Илова бар ин фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд оварданд, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.

Имрӯз ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати демокративу дунявӣ, ҳуқуқбунёду соҳибихтиёр мешиносад ва эътироф мекунад. Маҳз шахсияти Ҷаноби Олӣ ва қавлу вафодории он кас буд, ки бо роҳбарии заковатмандона ва хирадмандонашон назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, таҳкими Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ мароми миллату давлати азизамон гардидааст.

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки мардуми сарбаланд ва меҳнатқарини Гулистон дар партави сиёсати фардосоз ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар сатҳи сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз содиқона азму талош менамоянд.

Мардуми шарафманди шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” имрӯз шукрона аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он фахр ва ифтихор мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор ва муаззаму маҳбуб доранд.

Ҳамагонро бо самимият бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат, сулҳу сафо ва гул-гулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:673
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2870
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3543
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24596
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64245
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7604090

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?