Матни равон

Санаи 09.12.2022 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ багугузор карда шуд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода,

роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд- Фирдавс Салимӣ ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон иштирок намуданд.

Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳрро ба ин муносибат муборакбод намуд.

Зикр карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.

Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш баён доштанд: «Робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи армонҳои бисёрсолаи он будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асоси муваффақиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад. Ба ибораи дигар, ҳизби мо мардумӣ ва зодаи даврони истиқлол буда, дар асоси ормонҳои халки шарифи кишварамон таъсис ёфтааст».

Боиси хушнудист, ки санаи 9-уми феврали соли равон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистонро ифтитоҳ гардид, ки ин барои ҳизбчиёни шаҳр дастоварди бениҳоят бузург мебошад.

Имрӯз аъзои ин ҳизби созанда дар шаҳр 4775 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар шаҳр 45 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти бомаром доранд. Ҳамарӯза фаъолияти ҳизбчиён дар самти амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи саҳифаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Кумиҷроияи шаҳр барои тарбияи маънавии наврасон корҳои зиёду босамарро анҷом медиҳад, ки боиси истиқболу дастгирист.

Ҳамчунин, изҳори итминон карда шуд, ки минбаъд низ барои пиёда намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Аососгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиши бештари худро равона менамоянд.

Сипас, якчанд нафар ба сафи ҳизб қабул карда шуданд ва ҳамчунин барои ҳамкорӣ ва густариши фаъолияти ҳизбӣ фаъолони ҳизб бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1526
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3648
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5174
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:88959
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7730879

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?