Матни равон

Санаи 12.12.2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории паради ҳарбӣ ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр баргузор карда шуд.

Кори ҷаласаро Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода оғоз намуда, иштирокдоронро бо мавзуъҳои баррасишаванда шинос намуд.

Сипас, комиссари ҳарбии шаҳр Сатторзода Хайрулло подполковники милитсия доир ба иҷрои нақшаи даъват гузориш дод.

Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” аз 03.09.2022, №451 фармоиши Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.09.2022, №753, қарори Раиси вилояти Суғд аз 07.09.2022, №364 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 16.09.2022, №206 Комиссияи даъват фаъолияти худро ба роҳ монд.

Тибқи нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Гулистон сафарбарнамоии 71 нафар даъватшаванда муқаррар гардида, иҷрои нақша пеш аз муҳлат таъмин карда шуд.

Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили ҷашнӣ 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Нақшаи омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 июни соли 2022 тасдиқ карда шудааст таъкид намуд, ки баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақшаи омодагӣ ва баргузории чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2022 иборат аз 10 банд тасдиқ намуд.

Вобаста ба ин масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабинии мазкур ва омодагии ҳамаҷониба дар ин самт муваззаф карда шуданд.

Дар фарҷом ба Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи даъват тақдим карда шуд.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба онҳое ки дар иҷрои нақшаи даъват фаъолона иштирок намуданд изҳори сипос намуд ва як қатор фаъолон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2785
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3648
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6433
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:90218
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7732138

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?