Матни равон

Иштирокчиёни шаҳри Гулистон дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби 2 мақоми сеюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Санаи 17 декабри соли 2022 дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Боиси ифтихор  аст, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 5 нафар довталабон шаҳри Гулистонро дар даври ниҳоии озмун шоиста муаррифӣ намуданд ва сазовори 2 ҷойи сеюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ гардида,  3 нафар ба унвони фахрии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб шуданд.

Сафия Раҷабова - хонандаи синфи 3-и МТМУ №2 аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик байни хонандагони синфҳои 1-4 сазовори ҷойи 3-юм ва Зубайда Раҳмонова  - омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №1-и маркази шаҳр аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик сазовори ҷойи 3-юм гардида, нуфузу эътибори шаҳри Гулистон дар миқёси ҷумҳурӣ баланд бардоштанд.

Ҳамчунин Файзулло Нафиса - хонандаи синфи 10-и МТМУ №14 аз рӯи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ва  Имоммуҳаммад Имомов  - хонандаи синфи 9-и МТМУ №1 аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик маҳорату малакаи хуб нишон дода, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида бо сипосномаи Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Иштирок кардан дар даври ниҳоӣ худ ғолибият аст. Иштирокчии 87-солаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар номинатсияи "Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ" Маҳмадқул Ҳусейнов барои кулли хонандагон ва омӯзгорони шаҳри Гулистон намунаи иродаи қавӣ ва баёнгари муҳаббати беандозаи номбурда ба адабиёти воло ва пурғановати тоҷик мебошад.

Дар ба даст овардани ин ҳама комёбиҳо заҳмати директори муассисаи давлатии "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон" Эмомалӣ Бобоев назарас мебошад, ки бо роҳнамоӣ ва ташкили дурусти давраҳои якум ва  дуюм, заминаи чунин муваффақиятро фароҳам сохт.

Хушбахтона, ин заҳмату талошҳои устодон бе аҷру подош намонд ва бо нишони  Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар - Эмомалӣ Бобоев директори МД "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр", Зубайда Раҳмонова - иштирокчии озмун ва Шафоат Қосимова омӯзгори МТМУ №2 устод ва роҳнамои хонанда - Сафия Раҷабова қадршиносӣ карда шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ба  чунин дастоварди шоиста ноил гардидан иштирокчиёнро самимона табрику муборакбод намуда ба соҳаи маорифи шаҳр дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва ба даст овардани муваффақиятҳои тоза ба тоза барору комёбиҳо таманно менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:59
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3037
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8559
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:96911
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7732449

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?