Матни равон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи дар ноҳияи Сино будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд

Иншооти нав аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои болоии он хонаҳои истиқоматии хизматӣ ҷой дода шудаанд.

Бино дорои утоқҳои  барҳавою замонавӣ буда, ба фаъолияти босамари кормандони шуъба мутобиқ мебошад.

Дар бинои нав ҳамчунин барои тамрини кормандони соҳа толори варзишӣ ташкил гардида, китобхонаи замонавӣ низ дар хизмати онҳо қарор дорад.

Зимни шиносоӣ кормандони шуъбаи амнияти ноҳияи Сино барои бунёди чунин иншооти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои кормандони ниҳоди мазкур дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақдим карданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини гармии дохили ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ дегхонаи алоҳида бунёд гардида, ҳамчунин дигар шароити зарурии кор ва истиқомат фароҳам оварда шудааст.

Хонаҳои истиқоматӣ аз як ва ду ҳуҷра иборат буда, бо тамоми лавозимоти рӯзгор таъмин карда шудаанд. Аз ҷумла, яхдон, мошини ҷомашӯӣ, қолин, телевизор ва дигар шароити зарурӣ дар хонаҳои навбунёд муҳайё карда шудааст. Ҳуҷраҳои барҳавои истиқоматӣ бо санъати баланду сифати аъло бунёд ёфта, пурра таъмири замонавӣ гардидаанд.

Бояд гуфт, ки бунёди шуъба бо назардошти хонаҳои хизматӣ идомаи мантиқии дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  кормандони ниҳодҳои қудратии мамлакат буда, иқдоми навбатӣ туҳфаи бебаҳо барои кормандони шуъба ва оилаҳои онҳо буд.

Ҳамчунин дар саҳни бино майдончаи замонавии бозии кӯдакона бо насби дастгоҳҳои дилхушӣ барои атфол ташкил гардида, барои истироҳати калонсолон дар ин ҷо суҳбаткадаи замонавӣ ва нишастгоҳҳо насб шудаанд.

Корҳои сабзкорӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан дар ҳудуди иншооти нав бо сифату завқи баланд анҷом дода шудаанд.

Намои берунаи бинои мазкур бо санъати баланд ва сифати аъло бунёд ёфта, мутобиқ ба меъёрҳои соҳавӣ ва талаботи шаҳрдорист.

Зимни суҳбатҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ин ниҳодро вазифадор намуданд, ки дар иҷрои кору масъулияте, ки бар дӯш доранд, ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва барои ҳифзу  нигоҳдошти осудагиву ободии Ватан тамоми малакаву маҳорати касбии худро истифода баранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1169
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9883
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3198
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7735588

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?