Матни равон

Имрӯз, 21 декабри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия ҳафт масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иҷлосия  таҳти роҳбарии раиси шаҳр  Раъно Ҳошимзода баргузор шуд.

Аз рӯи масъалаи якум дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳмоҳи соли 2022 Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ 250,7 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гардид, ки он баробар ба 109,3 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 21,3 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 57,6 миллион сомонӣ буда, 64,5 миллион сомонӣ ё 112,0 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 6,9 миллион сомонӣ зиёд  маблағ ворид гардид. Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қарз аз пардохти музди меҳнат вуҷуд надорад.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 4 миллиарду 68,1  миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 104,5 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 136 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Истеҳсоли   маҳсулоти саноатб аз рўи 88 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 18,6 фоизро ташкил медиҳад. Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли ҷорӣ 6 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд.

Ба иқтисодиёти шаҳри Гулистон 307,3 миллион сомонӣ  сармоягузориҳо ҷалб гардидаанд, ки нисбати соли гузашта 150,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин шумора 189,6 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақими хориҷиро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 119,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Сармоягузории дохилӣ дар ин давра 117,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 31,1 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар ёздаҳмоҳаи соли 2022 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 153,4  миллион сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 136,8 фоизро  ташкил дод.

Корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давра ба маблағи 145,9 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 134,9 фоизро ташкил медиҳад.

Иҷрои корҳои пудратӣ 639,8  миллион сомонӣ буда, нисбати соли гузашта 9,4 маротиба зиёд мебошад.

Доир ба масъалаи мазкур Муҳаббатов Амир Муҳаммадшоевич вакил аз њавзаи интихоботии “Маърифат”, №27  ва Ахмедов Равшан Аҳмадҷонович вакил аз њавзаи интихоботии “Восифӣ”, №31 ба музокира баромаданд.

Вобаста ба масъалаи дуюм ва сеюми рӯзнома дар бораи қабули буҷети шаҳри Гулистон барои соли 2023 ва тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети шаҳри Гулистон дар соли 2021 ва оид ба ворид намудани тағйирот дар нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буљети шаҳр дар соли  2022 сардори Раёсати молияи шаҳр Муротзода Аъзам Муқим суханронӣ намуд. Доир ба масъалаи мазкур Ҳоҷиев Далер вакил аз ҳавзаи интихоботии “Балхӣ” №2 ба музокира баромад.

Доир ба масъалаи чоруми рӯзном Абдуллоев Ғуфронҷон Нуруллоевич - вакил аз ҳавзаи интихоботии “Саъдӣ”, №29 ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси  вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои саноат, сохтмон, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолиро манзур намуд.

Оид ба масъалаи панҷуми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Зарчашма” №19 Иброҳимзода Абдуҷалил оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.

Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  директори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳитдинзода  доир ба фаъолияти Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳмоҳи соли 2022 изҳори назар намуд.

Дар фарҷом раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти соҳаҳои хоҷагиии халқи шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1301
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10015
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3330
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7735720

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?