Матни равон

Имрӯз, 22.12.2022 бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар толори шабакаҳои барқии шаҳри Гулистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷамъомади мазкур муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол ҳайдар, Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода иштирок  намуданд.

Раис  шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандони соҳаи энергетикаро бо Рӯзи иди касбӣ муборакбод намуда, зикр кард, ки ба даст овардани истиқлолияти энерегетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид.

Ба кор андохтани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳал навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва Давлати соҳибистиқлол мебошад.

Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба муносибати ба истифода додани чархаи аввали Неругоҳи барқи обиии «Роғун» таъкид намуданд, ки “Роғун” манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Дар даврони истиқлолият дар кишварамон беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд. Дар баробари ин, таҷдиду навсозии неругоҳҳои мавҷуда оғоз гардида, ҳоло ин раванд бомаром идома дорад.

Шаҳри Гулистон дар баробари яке аз марказҳои бузурги саноатии кишвар будан, инчунин ҳамчун шаҳри барқчиён ва энергетикон муаррифӣ мегардад. Кормандони соҳаи энергетикаи шаҳр имрӯзҳо тавассути меҳнати фидокорона ва суботкорона ба дастовардҳои наҷиби меҳнатӣ соҳиб шудаанд.

Тазаккур бояд дод, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқии «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида, навсозии ин иншоототи муҳим оғоз гардида, корҳо бомаром ҷараён доранд.

Ҳамчунин, изҳори итминон карда шуд, ки соли равонро энергетикҳои гулистонӣ бо натиҷаҳои ниҳоии беҳтарин ҷамъбаст карда, дар ин замина, вазифаҳои худро оид ба таъмини неруи барқ бошарафона иҷро намуда, барои пешбурду инкишофи хоҷагии халқи шаҳру вилоят ва беҳбудии зиндагии мардум ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.

Сипас, фаъолони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:898
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9612
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2927
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7735317

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?