Матни равон

Имрӯз, 26.12.2022 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати қабул гардидани қатънома доир ба эъон гардидани соли 2025 "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳр бо иштироки кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷамоати шаҳракҳо, коллеҷи тиббӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳо роҳпаймоӣ ва ҳамоиши идона баргузор карда шуд.
Роҳпаймочиён аз назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бо шиору овезаҳои марбут ба иқдомҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парчамҳои давлатӣ то назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳ паймуданд.


Сипас, ҳамоиши идона бо садод додани суруди миллӣ оғоз гардид.Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кулли сокинони шаҳрро ба қабул гардидани қатъномаи муҳиму таърихии Созмони милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» самимона муборакбод намуд.
Зикр карда шуд, ки 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияии 77-уми худ дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
Инчунин, дар Паёми  навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат 23 декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хушнудӣ аз қабул гардидани қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ибрози назар намуда, баён доштанд, ки: “Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.
Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад”.
Шоистаи таъкид аст, ки қаблан чаҳор ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазироӣ гардидаанд. Аз ҷумла эълон гардидани соли 2003 – "Соли байналмилалии оби тоза", солҳои 2005-2015- "Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 – "Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об", солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,  аз ин қабил мебошанд. 
Қатъномае ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эълон гардидани “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи якдилона қабул гардид, яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд. Ин пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешниҳоди навбати  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат бар он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори байналмилалӣ дар масъалаи обу иқлим ва ҳифзи манбаъҳои захираи обӣ дар ҷаҳон пешкор ҳастанд.
Тавре ки ба ҳама маълум аст, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. 
Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.  Бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар фарҷом ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар 23 декабри соли равон баён доштанд таъкид гардида, афзуда шуд, ки мо бояд ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода барои рушду нумуи кишвари азизамон саҳмгузор бошем.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2010
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1187
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3197
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:59275
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7701195

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?