Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Имрӯз, мо дар остонаи таҷлили Соли нави мелодии 2023 қарор дорем. Ба ин муносибат кулли сокинони шаҳри Гулистонро, муборакбод намуда, бароятон умри бобаракат, саодату комёбӣ, рӯзгори хушу хуррам ва дар амалӣ гардидани кулли орзуву омоли некатон барору комёбӣ хоҳонам.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ ва ба истиқболи Ҷашнҳои 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва  30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, ин дастовардҳои бузурги миллиро таҷлил намуданд.

Ин аст, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 23-юми декабри соли ҷорӣ ироа гардид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2022-ро барои кишвари мо – Тоҷикистон дар маҷмуъ соли бобарор арзёбӣ намуданд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Аз ҷумла соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пёами шодбошии худ ба муносибати Соли нави мелодии 2023 таъкид намуданд, ки: “Ҳукумати мамлакат дар давоми соли 2022 тамоми саъю талоши худро барои фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона сохта, бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон ва дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа як силсила тадбирҳоро амалӣ намуд”.

Шаҳри Гулистон низ дар радифи дигар шаҳру ноҳияҳо дар соли 2022 фаъолияти арзанда нишон дода, дар татбиқи сиёсати фардосози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзишманди худро дар рушду нумуи давлати соҳибистиқлоламон гузошт.

Соли 2022 барои шаҳри Гулистон низ соли хотирмон буд. Боиси ифтихор аст, ки дар соли 2022 дар шаҳри Гулистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳашт  иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ гардиданд.

Ҳамчунин, дар соли 2022 дар шаҳр 6 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Итминони комил дорам, ки мо бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлонаи худ ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар соли нави 2023 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона амалӣ намуда, пояҳои истиқлолияти давлатамонро таҳким мебахшем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Бо изҳори ин ниятҳои нек бори дигар сокинони шаҳрро бо фарорасии Соли нави мелодии 2023 сидқан табрик гуфта, бароятон зиндагии пурнишот, саломативу иқболи нек ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Бигзор соли 2023 соли амалигардии орзуҳои неки кулли сокинони кишвар ва дар Тоҷикистони азизамон ҳамеша осмони соф ва сулҳу субот ҳукмфармо бошад.

Соли нави мелодии 2023 муборак бод, ҳамшаҳриёни азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:598
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2870
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3468
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24596
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64170
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7604015

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?