Матни равон

Имрӯз, 22.02.2023 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр Тибқи нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии шаҳр ва коллеҷи тиббии шаҳр баргузор гардид.

Дар кори конференсия Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Парвиз Касирзода сардори шуъбаи даъвати Комиссариати ҳарбии шаҳр, Эмомалӣ Бобоев директори МД Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр, Исмоил Саидов мудири бахши адабиёт ва камолшиносии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.

Бо назардошти вазъияти ҳамонвақта ва бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию сиёсӣ бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992 роҳбарии фаврии вазорату идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба уҳдаи Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Ҳамон рӯз, яъне 18 декабри соли 1992 бо имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард.

Сарвари ботадбир бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои бешумор тавонистанд, ки тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар атрофи худ гирд оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи фано наҷот бахшанд.

Ин буд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ заминаҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гузошта шуданд ва пас аз ҳамагӣ 2 моҳи ба имзо расидани Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 23 феврали соли 1993 нахустин расми гузашти низомӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз таъсис ва ташкили Артиши миллии Тоҷикистон башорат дод ва 23 феврал расман Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Аввалин қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ бевосита аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ идома дошт ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис дода шуд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1873
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2331
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10867
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44466
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7686386

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?