Матни равон

22 марти соли 2023, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонавода тансиҳатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон тибқи таълимоти дини мубини ислом моҳи нузули Қуръон, айёми хайру баракат, тоату ибодат ва парҳез аз кинаву адоват мебошад.

Яъне ҳар як мусулмон дар ин моҳ бояд аз ҳама гуна аъмоли зишту нораво худдорӣ карда, дигаронро низ ба роҳи росту дуруст, анҷом додани амалҳои хайру писандида, сабру таҳаммул, раҳму шафқат ва некиву накўкорӣ даъват намояд.

Яке аз анъана ва суннатҳои неке, ки дар моҳи Рамазон анҷом дода мешавад, дароз кардани дасти хайру саховат ба ниёзмандон аст.

Мусулмонон бояд ҳамеша ва хусусан, дар ин моҳи муқаддас рисолати имонӣ ва виҷдонии худро барои оромиву субот ва рушди ҷомеа, аз ҷумла дастгирии эҳтиёҷмандон ва беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ анҷом диҳанд.

Бо дарназардошти он ки ҳадафи дини мубини ислом тарбияи инсони солеҳ аст, моҳи Рамазон беҳтарин фурсат ва накўтарин мактаби ахлоқӣ дар роҳи расидан ба ин мақсад мебошад.

Ҳамдиёрони азиз!

Имсол моҳи шарифи Рамазон ба давраи саршавии мавсими киштукори баҳорӣ рост омад.

Мо бояд аз ҳар рўзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода бурда, корҳои кишоварзиро вусъат бахшем.

Дар шароити имрўза, ки бар асари гармшавии иқлим ва пайомадҳои ногувори он – хушксоливу камобии паёпай бисёр кишварҳои дунё аз норасоии маводи озуқа ва болоравии нархҳо танқисиву азият мекашанд, ҷиҳати бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ, фаровонии дастурхони мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат истифодаи оқилонаву самараноки обу замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот аз ҳар яки мо масъулияти баланд ва заҳмати боз ҳам бештарро тақозо менамояд.

Фаромўш набояд кард, ки Худованд ризқу рўзӣ ва хайру баракати ҳар шахсро ба ақлу хирад ва заҳмату талоши ў вобаста медонад.

Ҳамватанони арҷманд!

Тибқи муқаррароти дини мубини ислом рисолати бузурги худоҷўйиву тақводорӣ, пеш аз ҳама, дар расонидани кумак ба ниёзмандон зоҳир мегардад.

Яъне мо бояд ҳангоми гирифтани рўза, қабл аз ҳама, талаботи ахлоқӣ ва инсондўстиву иҷтимоии онро ҷиддӣ риоя намоем.

Ба зоҳирпарастиву худнамоӣ роҳ надиҳем, зеро Худованди мутаол хоксорӣ, сарфакорӣ ва накўкориро дўст медорад.

Ҳамватанони азизи мо аз вазъи ҷаҳони муосир хуб огоҳанд.

Бори дигар таъкид месозам, ки масъалаи таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дар аксари кишварҳои дунё, хусусан, солҳои охир ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст.

Бо дарназардошти шароит ва вазъи кунунии ҷаҳон мо бояд сариштакор бошем, ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем ва талаботи қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳатман риоя намоем.

Вобаста ба исрофкорӣ Худованд дар сураи Аъроф, ояти 31-уми каломи осмонии худ таъкид кардааст, ки: «бихўреду бинўшед ва исроф накунед, зеро Худованд исрофкоронро дўст намедорад».

Қобили зикр аст, ки таълимоти дини мубини ислом мардумро ба таҳким бахшидани ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагӣ, сулҳу оромӣ, сабру таҳаммул ва дигар аъмоли писандидаи инсонӣ даъват ва ҳидоят мекунад.

Мо бояд моҳияти аслии фарҳанги исломиро дуруст дарк карда, онро бо дарназардошти арзишҳои миллиамон ба манфиати тарбияи инсони комил истифода барем.

Анҷом додани ин кор дар шароити кунунӣ, аз ҷумла густариши таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ва унсурҳои фарҳангии бегона ба мафкураи мардум, махсусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим ва зарур мебошад.

Дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва осебпазири ҷаҳони муосир мардуми моро зарур аст, ки неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро бо ҳисси баланди ватандорӣ ва зиракиву ҳушёрии сиёсӣ эҳтиёт ва ҳифз намоянд.

Бовар дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ суннатҳои неки инсондўстиву сулҳпарварии аҷдоди некномамонро идомаву тақвият мебахшанд ва ба хотири сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободиву тараққиёти Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.

Бори дигар тамоми мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яке аз ҳамватанонамон файзу баракат, зиндагии орому осуда, хушрўзӣ ва иқболи нек орзу менамоям.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:266
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4391
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4657
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19706
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55019
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8563453

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?