Матни равон

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, дар Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов, ки кишоварзонаш дар истифодаи самараноку оқилонаи замин ва парвариши зироату истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранду ҳамасола дар фаровонии бозори истеъмолӣ саҳми назаррасу шоиста мегузоранд, бо раванди бунёди боғҳои нав шинос шуданд.

Боғи нави кооперативи мазкур 11 гектарро ташкил дода, соли равон асосан дар ҷойи боғоти кӯҳнаи зардолу, ки бо гузашти бештар аз 25 сол аз самар боз монда буд, бунёд карда шудааст. Аз ин нишондод 4 гектари онро боғи интенсивии себу шафтолу ва 7 гектари дигарро боғи зардолу ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов бо умеди сарсабзӣ ва фаровонҳосилӣ дар боғи навбунёди интенсивӣ ниҳоли дарахтони мевадаҳанда шинониданд ва зимни суҳбат бо боғдорон ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ таъкид намуданд, ки ҳангоми бунёди боғҳои нав ба дурустии интихоби мавзеъ барои парвариши ниҳол, бештар бунёд намудани боғоти ҳосилаш ба содирот нигаронидашуда, истифодаи талу теппаҳо ҷиҳати афзун намудани майдони боғот ва ба инобат гирифтани маслиҳати олимони соҳа таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад.

Ба гуфти кишоварзон дар шароити имрӯза танҳо хоҷагиҳое метавонанд, аз лиҳози иқтисодӣ рушду инкишоф ёбанд, ки дар асоси талаботи бозори ҷаҳонӣ аз имконияту иқтидорҳои худ самараноку оқилона истифода мебаранд ва асосан маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол мекунанд. Бо дарназардошти чунин талабот, аъзои кооперативи мазкур, ки 443 нафарро ташкил медиҳад, дар ҷойи боғҳои кӯҳна марҳила ба марҳила боғҳои интенсивӣ бунёд намуда, оянда дар баробари таъмини бозори дохилӣ иқтидори содиротиро низ тақвият мебахшанд.

Соли равон кишоварзони Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов дар маҷмуъ 35 гектар боғҳои кӯҳнаро аз нав барқарор намуданд, ки бештари онро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳад. Дар кооперативи мазкур боғи биҳӣ низ бунёд карда шудааст.

Боғҳои интенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ аз лиҳози иқтисодӣ бештар манфиатовар буда, дар мамлакат солҳост, ки таҷриба шудааст ва дар зарфи се-чор сол ба ҳосил медарояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатовро вазифадор намуданд, ки минбаъд майдони боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивиро зиёд намоянд. Дар ин сурат ҳаҷми содироти мева меафзояд ва дар баробари ин сокинон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Дар маҷмуъ дар Кооперативи тиҷоратии хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатов 1 ҳазору 50 гектар боғу токзор мавҷуд буда, инчунин дар 1 ҳазору 119 гектар замин кишту парвариши зироати гуногун кишоварзӣ, аз қабили гандум, ҷав, картошка, пахта ва хӯроки чорво ба роҳ монда шудааст.

Дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ боғдорону токпарварон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Зиёд шудани майдони боғҳои нав дар вилоят асосан давоми 5-6 соли охир ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла, соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тибқи дурнамо бунёди 230 гектар боғу токзори нав пешбинӣ гардида буд, аммо дар ин давра бунёди боғу токзор назар ба нақшаи пешбинишуда қариб чор баробар зиёд иҷро гардид. Яъне соли гузашта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии вилоят 890 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд. Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 148 гектар боғи интенсивӣ мебошад.

Ҳоло дар вилоят 73 ҳазор гектар боғ ва 13 ҳазору 467 гектар токзор мавҷуд аст.

Хоҷагидорони вилоят соли гузашта бо вуҷуди сардиҳои аввали фасли баҳор, ки ба ҳосили боғот таъсири манфӣ расонд, 124 ҳазору 477 тонна мева, аз ҷумла 55 ҳазору 847 тонна зардолу ва 38 ҳазору 429 тонна себ истеҳсол намуданд.

Тибқи маълумот соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 2 ҳазор гектар боғу токзори замонавӣ бунёд карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хоҷагидорон иброз доштанд, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва истифодаи мақсадноки замин мо метавонем ба татбиқи ҳамаҷонибаи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ комёб шавем ва бо ин роҳ сатҳи зиндагии мардумро беҳтару хубтар намуда, иқтидори содиротии мамлакатро низ тақвият бахшем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:385
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2870
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3255
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24596
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:63957
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7603802

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?