Матни равон

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, хати оби полезиро ифтитоҳ бахшиданд ва аз боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ дар Кооперативи боғпарварии “Саховати Куруш” боздид намуданд.

Ҳамчунин дар Кооперативи тиҷоратии “Нур Темур” ба кишти пунбадона оғоз бахшида, аз намоиши тухмиҳои зироати кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Заррези Ҷамоати деҳоти ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳия хати оби полезиро ба истифода доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 2 хати оби полезӣ аз дарёи Сир то мавзеи заминҳои кишоварзӣ дар масофаи яке 980 метр, дуюмӣ 620 метр, дар маҷмуъ — 1600 метр бо васлу насби қубурҳои полиэтилении қутрашон 355-миллиметра аз ҷониби соҳибкор бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта, дар ҳар соат тавассути онҳо 1700 метри мукааб об бароварда мешавад.

Аз пойгоҳи хурди барқӣ бо ду дастгоҳи обкашии иқтидори яке 1100 метри мукааб ва дуюмӣ 600 метри мукааб дар ҳар соат аз канали обрасони Фарҳод оби полезӣ кашида, ба мавзеи кишоварзӣ оварда шудааст.

Барои таъмини қувваи барқ ба муҳаррикҳои дастгоҳҳои обкашӣ дар масофаи 800 метр хати барқ сохта, 2 трансформатори иқтидорашон 400- киловатта насб гардидааст.

Тавассути иншооти нави обрасонӣ 200 гектар заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои “Саховати Куруш” ва “Нур Темур” обёрӣ гардида, заминҳои қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолии деҳаи Заррез низ бо оби полезӣ таъмин мешаванд.

Соҳибкорону хоҷагидорон бо анҷоми ин тадбир ва иҷрои ҳамвору коркарди замин дар ин минтақа беш аз 200 гектар заминҳои бекорхобида ва аз кор мондаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намудаанд. Дар заминҳои ин минтақа давоми беш аз 30 сол аз сабаби аз кор мондани пойгоҳи обкашии “Меҳнат” зироати кишоварзӣ истеҳсол нашудааст.

Дар заминҳое, ки ба гардиши кишоварзӣ дароварда шудаанд, соли гузашта зироати пахта, ғалла, юнучқа кишт карда, боғҳои нави интенсивӣ бунёд гардиданд ва дар мавсими имсола ба кишти баҳорӣ вусъат бахшида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз қитъаҳои замини кооперативи тиҷоратии “Нур Темур” ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшиданд.

Хоҷагидорон дар заминҳои ин минтақа дар баробари таъсиси боғҳои интенсивию суперинтенсивӣ, кишту парвариши ғалла, зироати равғандеҳу хӯроки чорво пешбинӣ намудаанд, ки хаҷми истеҳсоли пахтаро зиёд намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорони ноҳияи Зафаробод дар кишти баҳорӣ барор хостанд.

Ба масъулони соҳа, хочагидорону мутахассисон дастуру супориш дода шуд, ки кишти зироату сабзавот, полезиҳоро дар муҳлат ва хушсифат, мутобиқ ба агротехника анҷом диҳанд.

Аз ҷумла, дар муҳлати барои обу ҳавои минтақа мутобиқ гузарондани кишти пунбадона яке аз омилҳои асосии ҳосилнокии баланди пахта мебошад.

Бо навсозии дастгоҳу муҳаррикҳои пойгоҳҳои обкашӣ дар хочагиҳои ноҳияи Зафаробод ҳаҷми истеҳсоли пахта бояд зиёд карда шавад. Хоҷагидорони ноҳия имконият доранд ҳосилнокӣ ва ҳаҷми истеҳсоли пахтаро афзун намоянд. Дар иҷрои Барномаи давлатии рушди пахтакорӣ саҳм гузоранд, ки аз ин ҳисоб даромаднокӣ зиёд ва сатҳи зиндагии сокинони ноҳия баланд бардошта мешавад.

Дар ноҳия беш аз 4 ҳазор кооперативу хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кишту парвариши пахта машғуланд. Соли ҷорӣ дурнамои кишти пахта дар масоҳати 14 ҳазору 650 гектар муқаррар гардидааст, ки ин аз соли 2022 зиёд аст. Соли гузашта кишоварзони ноҳия дар масоҳати 13 ҳазору 943 гектар пахта кишту парвариш намуда, зиёда аз 31 ҳазор тонна ашёи хоми саноатию содиротӣ истеҳсол намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки давоми даҳ соли охир дар ноҳияи Зафаробод масоҳати кишти пахта қариб 5 ҳазор гектар зиёд, ҳосилнокӣ аз 2 то 5 сентнер баланд бардошта, ҳачми истеҳсоли пахта аз 20 ҳазор тоннаи соли 2010 11 ҳазор тонна афзун карда шудааст.

Соҳибкорону хоҷагидорони кооперативи тиҷоратии боғпарварии “Саховати Куруш” дар мавзеи Заррез соли 2022 дар масоҳати 5 гектар боғи интенсивии себу шафтолу бунёд намудаанд. Дар мавсими соли ҷорӣ бо истифодаю ҷорӣ намудани технологияи муосир дар масоҳати 2 гектар бунёди боғи интенсивиро идома дода, дар масоҳати 5 гектар боғи суперинтенсивии себу олуи сиёҳ бунёд менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивӣ дидан карда, ин иқдоми соҳибкорону мутахассисонро шоиста арзёбӣ намуданд.

Тибқи технология, боғи суперинтенсивӣ бо иштироку тавсияи мутахассисони дохилию хориҷӣ ташкил гардида, ниҳолҳо тибқи реҷаи 80 сантиметр ба 4 метр шинонида шуда, дар масоҳати 5 гектар 16 ҳазор бех ниҳол ҷойгир карда шудааст.

Дар асоси технология ва талаботи физиологии боғдорӣ дар ин масоҳат 1000 бех ниҳолҳои модарии себу олу барои гардолудкунии ниҳолҳои боғ ҷойгир карда шудаанд.

Мувофиқи лоиҳа дар боғи суперинтенсивӣ бо истифода аз сутунпояҳои махсуси оҳану бетонӣ конструксияи боғдорӣ сохта шудааст, ки барои дар ҳолати меъёрии вертикалӣ нигоҳ доштани дарахтони боғ зарур аст.

Ҳамчунин болои конструксияи оҳану бетонию симӣ бо масолеҳи тӯри махсус пӯшонида шудааст, ки барои аз нури офтоби аз ҳарорати 35 дараҷа баланд, борони сахту жола эмин доштану ҳифзи дарахтони боғ талаботи ниҳолҳои тагпайвандӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбат бо соҳибкорону мутахассисон таъкид намуданд, ки дар шароити пешрафти илму технология, бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли меваю ангур ва баланд бардоштани сифату стандарти мева дар ҳар минтақа ва дар умум дар мамлакат боғу токзори интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бояд зиёд карда шавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:647
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2870
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3517
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24596
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64219
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7604064

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?