Матни равон

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд бо пахши тугмаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс»-ро ба кор дароварданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкорони ватанӣ Миразиз Усмонов ва Илҳомҷон Бобоҷонов бунёд гардидааст.

Фаъолияти корхонаи мазкур ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, дар се баст 300 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар корхона панҷ хати муосири технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, халтаҳои полипропилении калонҳаҷм бо ғунҷоиши аз 500 киллограм то 3 тонна истеҳсол карда мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ то 13 ҳазор дона халтаҳои полипропилении калонҳаҷм буда, солона ба зиёда аз 156 ҳазор дона мерасад.

Тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст.

Сохтмони корхонаи мазкур соли 2018 оғоз гардида, дар масоҳати умумии 1 гектар бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Халтаҳои полипропилении истеҳсоли ин корхона сифати баланд дошта, барои ангишт, семент, ғалладона ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти босифат будани халтаҳои калонҳаҷми корхона муҳлати истифодаи он тӯлонӣ буда, дар натиҷаи интиқоли дилхоҳ маҳсулот фарсуда намегардад.

Соҳибкорон аллакай дар баробари таъмини талаботи бозорҳои дохилӣ, истеҳсолотро бештар карда, содироти ин навъи маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои хориҷа низ ба роҳ мондаанд.

Ҳадаф аз таъсиси корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении калонҳаҷм тақвияти иқтидори истеҳсолии вилояти Суғд мебошад.

Корхонаи мазкур дорои ошхона барои 100 нафар, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва дигар шароити мусоид муҷаҳҳазанд.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти истеҳсолии корхона муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти истеҳсолии корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс» баҳои баланд дода, ба соҳибкорон ва кормандон ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва баланд бардоштани иқтидори содироти он ба хориҷи мамлакат маслиҳатҳои муфид доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:297
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4391
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4688
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:19706
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:55050
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8563484

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?