04 Апрел 2023
Санаи 03.04.2023 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди Раиси шаҳр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи кории муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок доштанд.
Ҷаласаи корӣ дар заминаи машварати кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 31 март дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд доир гардид баргузор гардид.
Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода таъкид намуд, ки зимни машварати корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар андешаронӣ карда, вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва дигаргуниву таҳаввулоти сайёра ба хотири пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар, дар назди аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз ҷумла дар робита ба буҳронҳои сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Суғд супориш дода шуд, ки бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати пурра таъмин намудани иҷрои стратегияву барномаҳои милливу минтақавӣ, аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Вобаста ба ҳамаи супоришҳои дар машварати кории назди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида, аз ҷумла назорати нарху наво дар бозорҳо, мунтазам ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ дар корхонаҳои саноатӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои бекорхобида, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмини муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос, пешгирии падидаҳои номатлуб ва иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.