Матни равон

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 бо интихобкунандагон дар толори клуби фарҳангии “Лола”-и Ҷамоати шаҳраки Зарнисор баргузор карда шуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раъно Ҳошимзода аз ҳавзаи интихоботии “Қайроққум” №15 зимни суханронии худ қайд намуд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Гулистон дар семоҳи соли 2023 содиқона фаъолият намуданд. Ин буд, ки натиҷаҳо рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳи соли ҷорӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Фаъолияти содиқонаи заҳматкашони шаҳр буд, ки дар давоми се моҳи соли 2023 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 70,5 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 108,0 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 5,2 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 16,8 миллион сомонӣ буда, 18,4 миллион сомонӣ ё 109,8 фоиз ба иҷро расонида шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 1,6 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид.

Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми  се моҳ ба маблағи 1 миллиарду 064 ,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 103,8 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 38,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро бо тағйиру иловаҳо дар 117 банд тасдиқ намуда, ҷиҳати иҷрои он корбарӣ намуд истодааст. Дар маҷмуъ то имрӯз 67 адад иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст, ки 57,2%-и нақшаро фаро мегирад.

Дар шањр 15 муассисаи тањсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебарад, ки аз ин шумора 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як гимназия буда, дорои 9402/4501  нафар хонанда мебошанд.

Дар шаҳр 11 муассисаи таълимии томактабӣ, аз ҷумла, 10 кўдакистони давлатӣ ва 1 кўдакистони хусусӣ бо фарогирии 1612/765 нафар тарбиятгирандагон фаъолият мебаранд.

Аз 473 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр 274 нафар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд, ки 57,9%-ро дар бар мегирад. Раванди ҳуҷҷатсупорӣ идома дорад.

Дар шаҳр 33 муассисаи тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Теъдоди табибон 101 нафар ва кормандони миёнаи тиб 334 нафар мебошад.

Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ 304 меҳмонони хориҷӣ ва 4787 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки яке аз масъалаҳое, ки имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле ташвишовар мебошад ин таҳдидҳои экстремизму терроризм ба амнияти кишварҳо мебошад.

Вазъи кунунии ҷаҳони муосир, раванди ташаккулёбии вазъият нишон медиҳад, ки густариши зуҳуроти терроризму экстремизм дар як қатор кишварҳо, ба амният ва суботу оромии минтақа ва ҷаҳон таҳдид эҷод менамояд. Яъне экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср маънидод карда мешавад.

Терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад.

Ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020 қабул намуд. дар тӯли 5 соли фаъолият Стретегияи мазкур дар пешгирии ин падидаҳои саҳми арзанда гузош ва лозим дониста шуд, ки он барои 5 соли дигар қабул гардад. Ҳаминтавр бо таҳрири нав Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” аз 1 июни соли 2021, №187 ба тасвиб расид.

Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқоти тарғиботӣ мебаранд.

Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуи пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.

Бинобар ин, мо кӯшиш намоем, ки фарзондон, пайвандон ва ҷомеаи худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, азхудкардани донишҳои замонавӣ ба воя расонем, то тавонанд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб карда, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвари азизамон – Тоҷикистон як заррае ҳам бошад саҳми арзандаи худро гузоранд.

Сипас, интихобкунандагон доир ба мушкилҳои мавҷуда дархосту пешниҳодҳо манзур намуданд. Масъалаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4240
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21299
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54602
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8563036

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?