20 Апрел 2023
Имрӯз, 20.04.2023 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадорони меҳнат Музаффар Бобоҷонов собиқадори хизмати ҳарбӣ ва Кенҷанисо Исобоева собиқадори соҳаи тандурустиро аёдат намуд.
Зимни суҳбат собиқадорон аз дастгириҳои ҳамешагии давлату ҳукумат ёдовар гардида, изҳори сипосмандии хешро баҳри ғамхориҳои доимӣ дар симои роҳбари шаҳр ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.
Ба собиқадорон маводи кумаки яквақтаинаи озуқаворӣ расонида шуд.