30 Апрел 2023
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии "Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ” таҳти унвони “Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!” ба роҳ монда шуда, дар ин фестивал ҷавонон аз Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд диндан менамоянд.
Субҳи 28.04.2023 дар майдони “Тоҷикистон ба пеш!!!”-и даромадгоҳи шаҳри Гулистон 300 нафар ҷавонони шаҳр бо парчам, шиору овезаҳо ва нону шириниҳо ва карнаю сурнай ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳуриро самимона пешвоз гирифтанд.