Матни равон

Дар толори Маркази адлияи шаҳри семинари омӯзишӣ дастурдиҳӣ ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ ва риояи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 қабул гардидааст бо иштироки коргузорони шуъбаву бахшҳо, ҷамоати шаҳракҳо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.

Дар семинар мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва намояндаи Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Карим Шариф иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ҳадафи баргузории семинарро ба самъи иштирокдорон расонида, таъкид намуд, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ дар шуъбаву бахшҳо, ҷамоати шаҳракҳо ва ҳамаи ташкилоту муассисаҳо тақвият бахшида шавад.

Сипас, намояндаи Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Карим Шариф ҷиҳати тақвияти раванди коргузорӣ ва дар ин замина таъмини гардиши доимии ҳуҷҷатҳои корӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати асноди назоратӣ, инчунин пешбурди назорати риояи талаботи марбут ба таҳияи дурусти ҳуҷҷатҳо аз ҷониби масъулин суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади пешбурди дурусти коргузорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №358 Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба аҳли ҷомеа дастрас гардидааст.

Ҳамчунин, доир ба тарзи таҳияи ҳуҷҷатҳо, роҳ надодан ба хатоҳо, дар бланки шакли ягонаи тасдиқшудаи идоравӣ таҳия намудани ҳуҷҷат,бо риояи ҳуруф, андоза ва меъёри муақарраргардида таҳия намудани ҳуҷҷатҳо, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳо, пешгирии ҳолатҳои ба тавои қалбакӣ гузоштани рақам ва санаҳои қаблии бақайдгирӣ ва сари вақт дастарс гардидани ҳуҷҷатҳо тиби тартиби муқарраргардида ба ҳозирин маълумот дода шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3955
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21014
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54317
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8562751

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?