02 Июн 2023
Санаи 01.06.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори мактаби санъати шаҳр маҳфили илмию адабии “Адибони Ваҳдатсаро” таҳти унвони “Тоҷикистон – меҳвари сулҳу макони ваҳдат аст” ба ифтихори 26-умини солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар маҳфили мазкур Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳр, Саиднабӣ Наҷимӣ шоир, нависанда ва Бароат Маҳкамова дотсенти Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки мардуми тоҷик пас аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълон гардидани Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон боз аз нав соҳибдавлат гардиданд. Номи Тоҷикистони навин, ки фарзандони ин сарзамин бо илму фарҳанги хеш асрҳо қалби оламиёнро тасхир намуда буданд дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.
Мутаассифона дар оғоз ин навиди хуҷаста, кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрванӣ гирифтор шуд. То ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ҳашт даври гуфтушуниди роҳбарияти кишвар таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати мухолифини давлат баргузор гардид.
Ҳаминтавр, санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон ба имзо расонида шуд, ки қадами нахустин дар роҳи осоиштагиву сулҳу сафои кишвар гардид.
Минбаъд, кишвари тозаҷавони мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром рушду равнақ намуда истодааст.
Бе муболиға, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ барои миллату давлатамон санаи бузургтарини тақдирсозу саодатофар ба шумор меравад.
Мо имрӯз бояд шукрона кунем, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани озоду обод рӯзгори осоиштаи худро пеш мебарем. Ва пеш аз ҳама мо бояд ба қадри Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ бирасем.
Пас аз суханронии адибон санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр дар қисми фарҳангии маҳфил бо суруду таронаҳои дилнишин табъи иштирокдоронро болида гардониданд.