Матни равон

Имрӯз, 02.06.2023 дар толори Кохи фарҳангии Итсиқлол”-и маркази шаҳр бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023, қарори раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳр Фестивали шаҳрии атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо баргузор карда шуд.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода дар фестивали мазкур иштирок намуда, зикр кард, ки адрасбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулии тоҷикон маҳсуб меёбад, ки то ба имрўз маъруфияти зиёд дорад. Адрас матоест, ки тораш аз абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, дар дастгоҳи махсус бофта мешавад. Аз матои адрас сару либоси занона, ҷомаҳои мардонаву бачагона ва баъзе ашёи рўзгор, ба монанди кўрпаву болишт ва дастархону рўйпўши бистар медўзанд, ки дар ҳаёти маишии мардум васеъ истифода мегарданд.

Атласбофӣ низ мисли адрасбофӣ навъе аз ҳунарҳои суннатӣ мебошад, ки ба он бештар занон машғул мебошанд. Атласбофӣ дар байни мардуми тоҷик ҳамчун як бахши бофандагӣ таърихӣ тўлонӣ дошта, барои пешрафти абрешимбофӣ мусоидат кардааст.

Ҳунари атласу адрасбофӣ таърихи куҳан дошта, аз ҳунарҳои суннатии халқи тоҷик мебошад. Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ривоҷу равнақ додани ин соҳа таваҷҷуҳи хоса равона гардидааст. Боиси хушнудист, ки атласу адрас ва чакан ҳамчун намунаи фарҳанги ғайримодии халқи тоҷик ба созмони бонуфузи Юнеско дохил гардидаанд.

Тибқи Низомнома даври шаҳрии Фестивали атласу адрас аз рӯи номинатсия, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои идона, намоиши либосҳои расмӣ ва  намоиши либосҳои арӯсию домодӣ баргузор гардид.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои дилнишин ба чорабинии мазкур ҳусни тоза зам намуданд.

Дар ҷамъбасти фестивал ғолибон бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4294
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18792
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:74870
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7716790

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?