13 Июн 2023
Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, бо андешидани тадбирҳои муҳим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин захираҳо оқилонаву самаранок истифода мешавад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ, ки самти фаъолияташон ба истихроҷу коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нигаронида шудааст, ба рушди соҳаи саноат замина гузошт.
Баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созанда дар доираи ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии кишвар дар корхонаи «Апрелевка» тадбирҳои муҳим амалӣ мегардад. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи самаранок аз иқтидорҳои истеҳсолӣ нақшаҳо тарҳрезӣ шудааст.
Раиси вилоят фаъолияти самарабахши чунин корхонаҳои азими саноатиро дар рушди соҳа, ғанӣ гардидани буҷети маҳал ва таъмини сокинон бо кори доимӣ муҳим арзёбӣ кард. Корхонаи муштараки «Апрелевка» дуюмин корхонаи калонтарини шаҳри Гулистон ба ҳисоб рафта, дар 5 моҳи соли равон ба маблағи 81,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст.
Бояд гуфт, ки дар корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон давоми панҷ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 1 млрд. 717 млн. 304 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, корхонаҳо бо 16 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доранд.
Сипас, дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи хурди заргарии “Зари тоҷик” шинос шуд. Қобили қайд аст, ки ин коргоҳ аз соли 2012 инҷониб фаъолият дорад. Дар он истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ, тиллову нуқра ва дигар металҳои қимматбаҳо ба роҳ монда шудааст. Зимни муаррифии маҳсулоти истеҳсолӣ гуфта шуд, ки минбаъд бо дизайни нав ва мутобиқ ба талаботи бозор маҳсулот истеҳсол ва барои фурӯш омода карда мешавад. Роҳбари вилоят дастур дод, ки дар оянда армуғонҳои миллӣ низ омода ва барои рушду пешрафти корхона мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб карда шаванд.