Матни равон

Имрӯз, 15.06.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроичи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори Муассисаи лавлатии "Маркази таҳсилоти иловагӣ"-и шаҳр  ба ифтихори 26-умини солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони "Ваҳдат - сарчашмаи сулҳу субот" бо иштироки кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ, коллеҷи тиббӣ ва воҳидҳои сохторӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр,  Саидов Саидумрон дотсенти МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобовон Ғафуров" ва  Салимов Эраҷ устоди донишгоҳи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки мардуми тоҷик пас аз ҳазор соли аз байн рафтани давлати Сомониён санаи 9 сентябри соли 1991 бо эълон гардидани Эъломияи Истиқлоли Тоҷикистон боз аз нав соҳибдавлат гардиданд. Номи Тоҷикистони навин, ки фарзандони ин сарзамин бо илму фарҳанги хеш асрҳо қалби оламиёнро тасхир намуда буданд дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Мутаассифона дар оғоз ин навиди хуҷаста, кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрванӣ гирифтор шуд. То ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон ҳашт даври гуфтушуниди роҳбарияти кишвар таҳти сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати мухолифини давлат баргузор гардид.

Ҳаминтавр, санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳи байни тоҷикон ба имзо расонида шуд, ки қадами нахустин дар роҳи осоиштагиву сулҳу сафои кишвар гардид.

Минбаъд, кишвари тозаҷавони мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром рушду равнақ намуда истодааст.

Бе муболиға, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ барои миллату давлатамон санаи бузургтарини тақдирсозу саодатофар ба шумор меравад.

Мо имрӯз бояд шукрона кунем, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани озоду обод рӯзгори осоиштаи худро пеш мебарем. Ва пеш аз ҳама мо бояд ба қадри Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ бирасем.

Ҳамчунин, дар ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву муассисаҳо низ Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3922
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3446
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20981
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17903
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54284
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:99080
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8562718

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?