17 Июн 2023
Санаи 16.06.2023 муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Муҳаммадӣ Абдусатторзода бо ҳамроҳии гурӯҳӣ корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор дидан намуданд.
Гурӯҳи корӣ нахуст аз маркази саломатии шаҳрак дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои беморхонаи мазкур соли 1958 сохта ба истифода дода шудааст. Дар муассиса барои қабул ва табобати 28 бемор дар як вақт имконият дорад. Дар муассиса норасоии кадр мавҷуд мебошад.
Сипас, гурӯҳи корӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳрак дидан намуд. Тавре зикр карда шуд, бинои муассиса соли 1957, барои 450 нафар дар ду баст сохта ба истифода дода шудааст. Боми муассиса аз ҷониби ширкат соли 2017 таъмир карда шудааст. Сарулибос барои хонандагон аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” тибқи шартнома омода карда мешавад. Аз ҷониби кумитаи падару модарон 12 синфхона таъмир карда шуд.
Баъдан, гурӯҳи корӣ оид ба масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони ҳаммом, чойхона ва макони шустушӯӣ нақлиёт, ки соҳибкор Зарипов Мирғиёс иқдом гирифтааст, ки ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд намояд дидан намуданд.
Сипас, гурӯҳи корӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳрак дидан намуд. иттилоъ дода шуд, ки муассиса соли 1958 барои 1200 нафар хонанда дар ду баст сохта ба истифода дода шудааст. 11 адад синфхона аз ҳисоби кумитаи падару модарон таъмир карда шуд. Сарулибос барои хонандагон аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” тибқи шартнома омода карда мешавад. Хонандагони муассиса соли ҷорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Барои таъмири намуди зоҳирии бинои муассисаҳои таълимии №6 ва №10, таъмири зинапояҳо, сафолакпӯш намудани саҳни биноҳо ба маблағи 850000 (ҳаштсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ маблағ нақшаи хароҷотӣ омода карда шуда ба ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой” пешниҳод карда шудааст.
Баъдан, гурӯҳи корӣ аз мавзеи қитъаи замин барои сохтмони кӯдакистон пешниҳодшуда дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар мавзеи мазкур бо дастгирии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ саноатии Тоҷикистону Хитой” барои фарогирии 200 нафар кӯдак бинои кӯдакистони замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад. Алҳол ҳуҷҷатгузории замини пешниҳодшуда идома дорад.
Ба муносибати Ҷашни 35-соалгии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳрак 6 иншоот ба нақша гирифта шуда, 2 адади он ба истифода дода шудааст.
Ба масъулин ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонида иншооти ҷашнӣ супориш ва тавсияҳо дода шуд.