27 Июн 2023
Санаи 26.06.2023 дар ҷамоати шаҳраки Консой ба муносибати 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии идона баргузор карда шуд. Раиси ҷамоати шаҳрак Амир Муҳаббатов номаи табрикотии Раиси шаҳрро ба самъи сокинон расонид.
Таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ чунин ибрози андеша намудаанд, ки: “Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба тадриҷ бартараф карда мешаванд”.
Қобили зикр аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва таъмин намудани ваҳдати миллӣ на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик гардид, балки ҳамчун як сабақи омӯзандаи таърихӣ ва таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф карда шуд.
Аҳаммияти сулҳу оромӣ дар замони муосир ва хусусан, солҳои охир, ки инсоният бо мушкилоти ниҳоят сахту сангин рӯ ба рӯ гардидааст, торафт боло меравад.
Илова ба пайомадҳои вазнини тағйирёбии глобалии иқлим, аз ҷумла камобӣ, хушксолӣ, нарасидани маводи ғизоӣ, болоравии нархи маҳсулоти озуқа дар тамоми, мушкилоти амниятӣ, аз қабили вусъати бесобиқаи таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, ифротгароӣ, радикализми динӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ имрӯз зиндагии аҳли башарро бисёр ноорому нобасомон ва тоқатфарсо гардонидаанд.
Дар чунин шароити ниҳоят ҳассоси ҷомеаи башарӣ, яъне торафт мураккаб гардидани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.
Имрӯз кулли ҷомеа – аз хурд то бузург бояд ба қадри аҳаммияти ҳаётии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва ин неъмати бебаҳоро баробари дастоварди бузургтарини таърихи навини кишвари азизамон, яъне истиқлолу озодӣ чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоянд.
Дар вазъи тантанавӣ ба фаъолон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сипас, санъаткорони ҷамоати шаҳрак барномаи марғуби консертиро пешниҳоди тамошобинон гардониданд.