Матни равон

8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.

Пешниҳоди дастранҷи кишоварзон, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ, анвои зиёди маҳсулоти нонӣ, раванди омодакунии маҳсулоти гуногун аз зардолу ва намоишҳои фолклорӣ чорабиниро ба базмгоҳи ҳақиқии фараҳу хушҳолӣ ва шукргузорӣ аз фазои осудаи Ватану фаровонии ҳосили зироати кишоварзӣ табдил дода буд.

Дар гӯшаҳои намоишгоҳ полезӣ, зардолу, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод карда шуд.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд, миллати кӯҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар истифодаи самараноки замин, истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва такмили таҷрибаи заминистифодабарӣ дар олам нақши муҳим гузоштааст. Ҷашнҳои чоргонаи кишоварзӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мисоли таҷрибаи омӯзандаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва шуҳрат доштан дар истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ мебошад.

Тиргон ҷашни тобистонаи миллати тоҷик буда, таъмини зироат бо об, ҷамъоварии беталафи ҳосил, кумак ба якдигар, заминагузорӣ барои ҳосили навбатӣ ва баланд бардоштани самаранокии замин маҳаки асосии он мебошад.

Хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни зардолуро мутобиқи анъанаҳои миллӣ, расму оин ва хусусиятҳои хоси зардолупарварӣ дар шакли тару хушк намоиш доданд.

Айни замон дар вилояти Суғд майдони умумии боғи зардолу 50 ҳазору 90 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 34 389 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.

Исфара, Конибодом, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Айнӣ аз ҷумлаи шаҳру ноҳияҳои асосии зардолупарварӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоб мераванд.

Дар асоси таҳлил соли 2023 дар вилояти Суғд истеҳсоли зиёда аз 100 ҳазор тонна зардолу пешбинӣ гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 як баробар зиёд хоҳад буд.

Кишоварзон барои дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Дар ин намоишгоҳ “Қандак”, “Мирсанҷалӣ”, “Субҳонӣ” — дар маҷмуъ тақрибан 180 навъ, намуна ва дурагаҳои зардолу дар Тоҷикистон парвариш меёбад, ки қисми зиёди он ба таври намунавӣ муарифӣ карда шуд.

Зардолупарварӣ дар шароити вилояти Суғд яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии замин, ба кор таъмин кардани аҳолии деҳот дар хоҷагиҳои деҳқонию корхонаҳои коркард ва васеъшавии имконияти содиротӣ нақши муҳим дорад.

Ҳамчунин дар намоишгоҳ раванди хушконидани намудҳои гуногуни мева ва маҳсулоти аз зардолу омодашаванда муаррифӣ карда шуд.

Бо бунёди корхонаҳои коркард ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам имрӯз хушконидани зардолу дар шаклҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Такмили ин раванд ва васеъ ба роҳ мондани хушконидани мева ба зиёдшавии имкониятҳои истеҳсолӣ оварда расонидааст.

Дар оғоз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал бо маҳсулоти банду бастшудаи асал шинос шуданд.

Занбӯриасалпарварони вилояти Суғд асал, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва муми занбӯрро муарифӣ намуданд.

Теъдоди оилаҳои занбӯриасал ба ҳолати якуми июни соли 2023 дар Тоҷикистон ба 263 703 оила баробар шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6 586 оила зиёд аст. Суръати рушд 102,6 фоизро ташкил медиҳад.

Солҳои охир теъдоди оилаҳои занбӯриасал ва маҳсулоти он дар ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд зиёд шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз имконияти васеи вилоят масъулони дахлдори соҳа ва хоҷагидоронро ба ворид намудани зотҳои сермаҳсули занбӯриасал, омӯзиши ҳарчи бештари таҷрибаи муосир, истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ ва таъмини афзоиши истеҳсоли ин намуди маҳсулоти табобатӣ вазифадор намуданд.

Инчунин дар ҳамин рӯз намудҳои гуногуни маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, тарзи омода кардани нишоло ва набот бо ороиши махсуси идона пешниҳод карда шуд.

Ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал ба базмгоҳи ҳақиқии шодию хушҳолӣ, арҷгузории мардум ба таъриху тамаддуни қадимаи заминистифодабарӣ, шукургузорӣ аз фаровонии ҳосил ва осудагии Ватани азизу маҳбуб табдил ёфт.

Маҳз доир шудани ҳамин гуна чорабиниҳои сатҳи баланд ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани самаранокии замин ва афзун гардонидани дастовардҳои истеҳсолӣ такон мебахшад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:36
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1601
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:36
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:10959
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:20298
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:43614
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8121615

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?