11 Июл 2023
Имрӯз 11 июли соли 2023, дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон маҷлиси фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар маҷлиси фаъолон муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, инчунин муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар нимсолаи аввали соли 2023 маърӯза намуд.
Зикр карда шуд, ки дар давоми шаш моњи соли 2023 ба ќисми даромади буљети давлатї 146,7 миллион сомонї маблаѓњои андозу пардохтњо ворид гардид, ки рақам баробар ба 107,7 фоизи наќшаи пешбинишуда буда, ба буљет 10,6 миллион сомонї аз наќша зиёд маблаѓ ворид гардид. Наќшаи даромади буљети маҳаллӣ 35,0 миллион сомонї буда, 38,5 миллион сомонї ё 109,8 фоиз ба иљро расонида шуд, ки аз наќшаи пешбинишуда 3,4 миллион сомонї зиёд маблаѓ ворид гардид.
Дар ин давра иљрои наќшаи андози иљтимої бо дарназардошти харољот 29,3 миллион сомонї (наќша – 27,6 миллион сомонї) ба иљро расид, ки баробар ба 106,0 фоиз ё ба маблаѓи 1,7 миллион сомонї зиёд мебошад.
Корхонањои саноатии шањр дар давоми шаш моњ ба маблаѓи 2 миллиарду 363,8 миллион сомонї мањсулот истењсол намуданд, ки ин нисбати њамин давраи соли гузашта бо нархњои амалкунанда 94,8 фоизро ташкил дод.
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 89 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 19,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар соли ҷорӣ сохтмони 5 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 3 корхона ба ситифода дода шуд.
Дар ин давра муштариёни шањри Гулистон ба маблаѓи 68,9 миллион сомонї ќувваи барќ истифода намуда, дар ин давра 75,1 миллион сомонї пардохт намудаанд, ки ин нишондињанда 108,9%-ро ташкил медињад.
Ҳамчунин, доир ба фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонон, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр маълумот дода шуд.
Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз масъулини соҳаҳо доир ба натиҷаҳои меҳнатӣ, пурсиш ба амал овард.
муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Абдусатторзода ва мудири бахши бойгонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ибрози назар намуда, ҷиҳати рушди соҳаҳо таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.
Сипас, Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, тақвият бахшидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ноил гардидани хонандагон ба дастовардҳои назаррас, дар даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр супоришҳои мушаххас дод.