13 Июл 2023
Санаи 12.07.2023 -и корвони “Модарони ваҳдатсаро” ба қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо сарбозуну афсарон вохӯрӣ доир намуда, аз вазъи буду бош ва хизмати сарбозон дидан намуданд.
Нахсут Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вохӯриро оғоз намуда, ҳадафи ташрифи корвони “Модарони ваҳдатсаро” зикр намуд. таъкид карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10-15-уми июли соли 2023 бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, бо мақсади таҳкими пойдории бузургтарин дастоварди замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ дар байни занону модарон ва наврасону ҷавонон чорабиниҳои таблиғотӣ таҳти унвони “Модарони Ваҳдатсаро” ҳайати корвон ба назди шумо – сарбозон ташриф овардаанд.
Ҳайати корвони “Модарони ваҳдатсаро” дар назди сарбозон суханронӣ намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани базаи моддиву техникии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва вазъи буду бошу хизмати сарбозон ёдовар гардиданд.
Сипас, корвони “Модарони ваҳдатсаро” аз вазъи буду бош ва хизмати сарбозон шинос гардида бо сарбозон суҳати озод доир намуданд.
Санъаткорони шаҳр барои болидарӯҳии сарбозон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин, барои сарбозон дар сабадҳо нону кулчақанд, мевагиҳо ва шириниҳо тақдим карда шуд.