14 Июл 2023
Ба маълумоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон расонида мешавад, ки тибқи қарори дахлдор, санаи 21 июли соли 2023 соати 9:00 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум баргузор мегардад.
1. Дар баррасии иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешаванд.
- дар бораи амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳри Гулистон.
- ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалањои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ.
- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Лоиқ Шералӣ” №34, Набиева Муҳаррам Сироҷиддиновна, оид ба ваколатҳои вакилӣ.
- дар таҳрири нав тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳр
- дар таҳрири нав тасдиқ намудани Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр
- тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр.
Вобаста ба ин, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр метавонанд аз санаи 14.07.2023 то санаи 21.07.2023 аз бақайдгирӣ дар шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон гузаранд.
Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон
Телефон барои тамос: 83443-2-46-11