Матни равон

20 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфтааст, шинос гардид.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳадафи стратегӣ эълон гардидани саноатикунонии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола даҳҳо корхонаҳои хурду бузург бунёд карда мешавад.

Имрӯзҳо дар шаҳри Гулистон бунёди фабрикаи мурғпарварии ҶДММ «Паррандаи заррин» идома дорад, ки он дар масоҳати 2 гектар доман паҳн карда, дар марҳилаи аввал ду адад  иншоот барои парвариши парранда бунёд гардидааст. Дар ин фабрика дар як навбат то 20 ҳазор сар мурғ парвариш гардида, тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ворид карда шудааст. Ҳамчунин дар шафати фабрикаи парандапарварӣ масъулин азм доранд сехи истеҳсоли равғанро ба истифода диҳанд. Рохбари вилоят зимни шиносоӣ барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои бинокорӣ  ободониву кабудизоркунии муҳити атроф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон Раиси вилоят бо лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсол ва таъмири трансфарматор шинос гардид. Итттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур дар масоҳати 0,45 га қомат афрохта, асосан ба таъмири дастгоҳҳои барқи машғул хоҳад шуд. Дар асоси лоиҳа бинои маъмурӣ ва сехи истеҳсолӣ бунёд гардида, баробари фаъол гаштани он то 10 нафар шахрвандон бо ҷои доимии корӣ таъмин карда мешавад.

Сипас, дар маркази шаҳри Гулистон роҳбари вилоят бо ҷараёни таҷдиду навсозии бинои истиқоматӣ аз наздик шинос гардид. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар умум дорои 20 хонаи зист мебошад. Ин иншоот аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ба навсозӣ фаро гирифта шуда, хонаҳои он дорои як ва ду ҳуҷра мебошад. Хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва хизмати давлатӣ, ки ниёз ба манзили зист доранд, тақдим карда мешавад. Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ аз ҷараёни он изҳори қаноатмандӣ намуда, барои истифодаи масолеҳи хушсифати ватанӣ ба масъулин дастурур супоришҳои мушаххас дод.   Таъкид гардид, ки дастгирии кадрҳои ҷавон ва мутахассисон аз самтҳои калидии сиёсати кунунии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, марҳила ба марҳила дар минтақаҳо ин табақаи кормандон, ки бахри пешрафти Ватани маҳбуби хеш кору фаъолият менамоянд, дастгирӣ карда мешаванд.

Дар ин руз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо корҳои таҷдиду бозсозии Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” низ ошно шуд ва дар охир собиқадори меҳнат Тошмат Иброҳимовро аёдат кард.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:8280
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5471
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:22807
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11751
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44731
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8254243

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?